Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Рябков: “Русия мухолифи ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон аст”
Сергей Рябков, муовини Вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки Федератсияи Русия омода аст дар расидан ба созиш миёни Эрон ва Амрико дар масъалаи Барномаи ҳастаии Эрон мусоидат кунад.
Бар асоси иттилои ТАСС Сергей Рябков дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ таъкид намуда, ки дар Вашингтон ҳоло ҷиддияти бештаре дар барқарории музокирот бо Эрон мушоҳида мешавад ва эҳтимоли ба даст овардани натиҷаи қобили қабул барои ҳарду ҷониб вуҷуд дорад. Ӯ гуфт: “Мо шоҳиди иродаи ҷиддии Вашингтон барои расидан ба созиш бо Теҳрон ҳастем, созише, ки метавонад аз буҳрон пешгирӣ карда, шубҳаҳо нисбат ба Барномаи сулҳомези атомии Эронро рафъ созад”.
Сергей Рябков таъкид намуд, ки Русия талошҳои миёнҷигариро идома медиҳад ва ҳеч гоҳ кӯшишҳояшро дар ёфтани роҳҳои дипломатӣ қатъ накардааст. Ӯ илова кард, ки Маскав ба ҳар гуна ҳамла ба иншооти атомии Эрон мухолиф аст ва ҳамзамон Вашингтонро барои амал накардан ба ваъдаҳои қаблӣ танқид намуд.
Ин дипломати баландпояи рус ҳамчунин, хабар дод, ки муҳлати худдорӣ аз истиқрори мушакҳои кӯтоҳ ва миёнбурди Русия рӯ ба поён аст. Ба гуфтаи ӯ, пас аз барҳам хӯрдани созишномаи манъи мушакҳои миёнбурд худдорӣ ва сабри Маскав аз ҷониби Ғарб қадршиносӣ нашуд. Ӯ гуфт: “Акнун мо ошкоро эълон медорем, ки давраи худдорӣ ва истиқрори заминии ин гуна мушакҳо ба поён мерасад”.
Рябков ҳушдор дод, ки Маскав маҷбур аст ба таҳдидҳои нав ва воқеии мушакии зидди амнияти миллии худ вокуниши муносиб нишон диҳад. Ӯ афзуд, ки ҳадафҳои озмоишҳои навбатии мушакии Русия бар асоси таҳдидҳои мушаххас бар зидди амнияти миллӣ муайян хоҳад шуд.
Дар заминаи изҳороти канслери Олмон Фридрих Мертс доир ба лағви маҳдудиятҳо дар мавриди силоҳҳои фиристода ба Киев Рябков таъкид кард, ки истифодаи чунин системаҳоро бидуни дахолати мустақими мутахассисони ҳарбии кишварҳои ғарбӣ ғайриимкон медонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”