27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
10.06.2025 10:51

Ошӯби хунин дар Лос-Анҷелес. Иқдоми Трамп барои саркӯби эътирозгарон

Доналд Трамп, президенти Амрико рӯзи шанбе, 7-уми июн бо имзои фармоне 2000 сарбози Гвардияи миллиро барои саркӯб ва фурӯ нишондани эътирозҳои мардумӣ ба шаҳри Лос-Анҷелес фиристод.

Эътирозҳо дар шаҳри Лос-Анҷелес пас аз он сурат гирифт, ки Идораи муҳоҷират ва гумруки Амрико амалиёти шадидро бар зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз намуданд. Ин эътирозҳо рӯзи ҷумъа шакл гирифт ва дар натиҷа дар миёни эътирозгарон ва маъмурони федералӣ бархӯрд ба вуҷуд овард. Дар посух ба бетартибиҳои эътирозгарон мақомоти полис аз тирҳои резинӣ ва таркандаҳои садоӣ истифода намуданд. Дар ҳодисаҳои ахири эътирозӣ дар Лос-Анҷелес 44 нафар боздошт шудаанд.

Доманаи эътирозҳо субҳи сешанбе ба шаҳрҳои канории Лос-Анҷелес, аз ҷумла Парамаунт, ки аксари сокинонаш лотинизабон мебошанд, низ паҳн гардид.

Доналд Трамп дар формони худ навишт: “Эътирозҳо, ки иҷрои қонунҳои муҳоҷиратро халалдор мекунанд, шӯриш бар зидди ҳукумати Амрико мебошад”. Ӯ афзуд, ки неруҳои Гвардияи миллӣ муваққатан барои “ҳифзи кормандони ICE ва дигар сохторҳои федералӣ, ки вазифаҳои ҳукуматиро иҷро мекунанд”, ворид карда мешаванд. Ин неруҳо барои 60 рӯз дар он ҷо ҳузур меёбанд.

Гэвин Нюсом, губернатори Калифорния ба фармони Трамп вокуниши шадид нишон дода, ӯро диктатор номид. Ӯ фармони Трампро “қасдан таҳрикдиҳанда” номид. Гэвин Нюсом гуфт, ки ҳукумат Гвардияи миллиро “на бо сабаби камбуди маъмурони амниятӣ, блаки барои намоиши сиёсӣ” ба кор мегирад. Ӯ ба эътирозгарон хитоб намуда, гуфт: “Ба онҳо намоиш надиҳед. Ҳеч гоҳ ба зӯроварӣ роҳ надиҳед. Мухолифати худро бо роҳи осоишта баён кунед”.

Ӯ шоми 8-уми июн ба вазири дифои Амрико Пит Ҳегсет нома фиристода, талаб кард, ки фармони ворид кардани неруҳо бекор карда шавад. Ӯ гуфт, ки ин минтақа то дахолати Трамп мушкиле надошт ва ҳузури Гвардияи миллӣ “нақзи соҳибихтиёрӣ ва таҳрикдиҳандаи низоъ” мебошад.

Ин ҳолати нави низоъ дар миёни ҳукуматҳои федералӣ ва иёлатҳои мухолиф дар Амрико, бахусус Калифорния нишон медиҳад, ки масъалаи муҳоҷират ва истифодаи неруи ҳарбӣ дар дохил як мавзуи басо баҳрбарангез боқӣ мемонад. Иштироки Гвардияи миллӣ дар шаҳрҳои бузурги амрикоӣ метавонад ба эътирозҳои бештар ва мушкилоти нав дар сатҳи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ замина гузорад.

Камола Ҳаррис рақиби дар интихобот шикастхӯрда Доналд Трамп фавран ба ин иқдоми президенти Амрико вокуниш нишон дода, онро таҳридиҳанда хонд.

Дар пайи интиқодҳои шадиди демократҳо Доналд Трамп таҳдид кард, ки дар сурати лозим неруҳои туфангдорони дарёиро ба Лос-Анҷелес хоҳад фиристод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.