27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
10.06.2025 08:22

Ифтихори кишвар. Мирзиёев ба дастаи миллии Ӯзбекистон барои роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон ҷоиза супорид

Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба бозингарон, мураббиён ва мутахассисоне, ки барои муваффақияти Дастаи миллии футболи Ӯзбекистон барои роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон саҳм гузоштанд, ҷоиза супорид.

Дар қатори ҷоизагирифтагон на фақат варзишгарон, балки табибон, тарҷумонҳо, аксбардорон ва кормандони дигар низ буданд, ки дастаро дар роҳи пирӯзӣ ҳимоят намуданд. Барои дастовардҳои намоён дар рушди футбол, тарғиби варзиш ва пешбурди тарзи ҳаёти солим дар Ӯзбекистон инҳо ҷоиза ба даст оварданд:

Ордени шарафи “Ифтихори Ӯзбекистон”

Тимур Қападзе — сармураббии Дастаи миллии Ӯзбекистон;

  • Абдуллоев Абдулло — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Ализонов Хоҷиакбар — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Алигулов Ҳусниддин — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Ашурматов Рустам — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Буриев Абдуррауф — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Ҷиянов Русланбек — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Искандаров Ҷамшед — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Машарипов Ҷалолиддин — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Акмал Мозговой — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Насруллоев Шерзод — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Нематов Абдувоҳид — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Сайфиев Фаррух — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Сергеев Игор — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Турғунбоев Азизбек — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Тохтахоҷаев Ислом — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Урунов Остон — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Файзуллаев Аббасбек — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Ҳамробеков Одилҷон — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Хусанов Абдукадир — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Шомуродов Элдор — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Шукуров Отабек — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Эргашев Батирали — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Эркинов Хоҷимат — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Эшмуродов Умарбек — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон;
  • Юсупов Уткир — бозингари Дастаи миллии Ӯзбекистон.

Ордени «Барои хизматҳои бепоён»:

  • Равшан Ирматов — муовини аввал президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон.

Ордени Дӯстӣ:

  • Алеш Чех — муовини мураббӣ;
  • Владо Радманович — муовини мураббӣ;
  • Михаил Еремчук — муовини мураббӣ;
  • Мартин Магистер — муовини мураббӣ;
  • Ниҳад Пейкович — муовини мураббӣ;
  • Сречко Катанец — мураббии футбол;
  • Шамил Исеев — мудири шуъбаи илмӣ-таълимии Ассотсиатсияи футбол;
  • Абдураҳмон Фазилов — мутахассиси кор бо мухлисони футбол.

Ордени Саломатӣ дараҷаи II:

  • Алишер Арипов — духтури даста.

Медали «Тарзи ҳаёти солим»:

  • Андрей Безбородов — духтури физиотерапевт;
  • Исломбек Усманов — физиотерапевт;
  • Ахмадҷон Ғасанов — физиотерапевт.

Медали «Шуҳрат»:

  • Даврон Ахмедов — тарҷумон;
  • Шукрулло Аширов — мудир;
  • Шерзод Игамбердиев — мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ;
  • Аваз Максумов — котиби генералии Ассотсиатсия;
  • Ҳасан Пирмухамедов — аксбардор;
  • Ислом Рузиев — видеооператор;
  • Ҷамолиддин Салихов — мутахассиси калони шуъбаи дастаҳо;
  • Сарвар Таджиев — мудири шуъбаи дастаҳо;
  • Даврон Файзиев — мудири шуъбаи маркетинг ва медиа;
  • Дилшод Ҳақимов — мудири Идораи тафтишоти махсус;
  • Ҷурабек Шербаев — муовини раиси Клуби мухлисони футбол.

Ёдовар мешавем, ки Дастаи миллии Ӯзбекистон дар таърих бори аввал ба Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт. Рӯзи панҷшанбе, 5-уми июн Даста дар бозии даври нуҳуми даври сеюми интихобии Осиё барои Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 бо тими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ  бозӣ кард.

Dilog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.