Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бозии мушкил ва калидӣ. Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Филиппин рақобат мекунад
Имрӯз, 10-уми июн дар доираи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Филиппин рақобат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки дидори мазкур дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»-и Филиппин, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 16:00 ба вақти Душанбе доир мегардад.
Бояд гуфт, ки натиҷаи ин рақобат метавонад барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 нақши калидӣ бозад.
Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе чунин гуфт: “Мо дарк мекунем, ки бозӣ осон нахоҳад буд. Омодагии хеле хуб гузаронидем, аввал дар Қатар, баъд дар Камбоҷа ва марҳилаи сеюми омодагӣ аллакай инҷо сипарӣ шуд. Ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи ҳарифро таҳлил кардем. Бозигарони мо аҳамияти вохӯриро мефаҳманд. Танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард”.
Ҳамчунин, дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ дарвозабони тими миллӣ Рустам Ятимов гуфт: “Дар майдони рақиб натиҷаи мусбат ба даст овардан осон нест, вале мо то дақиқаи охир барои ғалаба мубориза мебарем”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”