27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
10.06.2025 07:42

Таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино. Дуюмин «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад

Бинобар иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз 15-ум то 20-уми октябри соли равон дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» доир мегардад.

Гуфта мешавад, ки синамоҷашнвораи мазкур бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16-уми октябр) бо шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мешавад.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар «Тоҷи Сомон»-и имсола рӯзҳои кинои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон доир гашта, дар умум меҳмони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок менамоянд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар доираи дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ, дарси «Устод ва шогирд» ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба бо мақсади дастгирии ҷавонони эҷодкор, табодули таҷриба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино баргузор мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.