27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
09.06.2025 15:09

Дар Қазоқистон панҷ бонк ба барориши кортҳои криптовалютӣ оғоз кард

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон панҷ бонки бузург  Halyk, Forte, Freedom, RBK ва Altyn барои мубодилаи криптовалюта корти бонкӣ роҳандозӣ намуда, дар сафи аввалин бонкҳои иштирокчии лоиҳаи ҷорӣ намудани кортҳои криптоӣ қарор гирифтанд.

Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо биржаҳои криптовалютии дорои иҷозатнома амалӣ мешавад, ки шумораи онҳо дар қаламрави Қазоқистон ба даҳ адад мерасад. Ин биржаҳо дар якҷоягӣ бо бонкҳо ҳуқуқ пайдо намуданд, кортҳое бароранд, ки ба воситаи онҳо истифодабарандагон метавонанд молу хизматрасониҳоро бо танга (асъори миллии Қазоқистон)  бо табдили мустақими дороиҳои рақамӣ аз ҳамёни криптоии худ пардохт намоянд. 

Барои амалӣ шудани чунин пардохтҳо аллакай дар саросари кишвар иқдомҳо ҷорӣ шудааст, ки он ҳамгироии соҳаи анъанавии молиявиро бо иқтисоди рақамӣ таъмин менамояд. Ин кор бо шарофати сиёсати фаъолонаи Бонки миллии Қазоқистон амалӣ мегардад, ки ба рушди муҳити танзимшаванда барои криптовалютаҳо ва токенҳо нигаронида шудааст.

Дар моҳҳои наздик Ҷумҳурии Қазоқистон ба марҳилаҳои нави рушд дар ин самт омода мешавад. Аз ҷумла барориши стейблкоинҳо (асъори рақамии дорои ҳимояти арзиши миллӣ), аз ҷумла тангаи рақамӣ ва ҳамчунин, пешбурди токенизатсияи дороиҳо дар назар аст. Дар нақша аст, токенҳое, ки бо коғазҳои қимматнок баробар азиш доранд, бароварда шаванд. Инчунин, барои баҳисобгирӣ ва нигаҳдории дороиҳои рақамӣ ва низоми мубодила ва нигоҳдории дороиҳои криптоӣ платформаҳо рушд меёбанд.

Дар сатҳи қонунгузорӣ аллакай тағйиру иловаҳо омода шудаанд, ки заминаи ҳуқуқиро барои муомилоти дороиҳои рақамӣ фароҳам месозанд.

Қазоқистон экосистемаи рақамии устувореро ташаккул медиҳад, ки дар он бонкҳои анъанавӣ, биржаҳои криптоӣ ва танзимгарон дар як самт ба манфиати ояндаи Қазоқистон фаъолият мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.