Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қариб бе доллар. 97% муомилоти молиявии Русия ва Тоҷикистон бо рубл ва сомонӣ анҷом дода мешавад
Русия ва Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии худро пайваста рушд медиҳанд. Ҳоло тақрибан тамоми ҳаҷми амалиёти тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ миёни ду кишвар бо истифода аз асъори миллӣ анҷом медода мешавад, ки нишондиҳандаи гузариши ҷадид ба ҳисоббаробаркунӣ бидуни вобастагӣ ба доллар мебошад.
Бар асоси омори охирин, дар аввали соли 2025 ҳиссаи чунин ҳисоббаробаркуниҳо ба 97% расидааст, ки ин ба туфайли сохторҳои зарурии таъсисёфта барои ҳамкории мустақими низомҳои бонкии ҳар ду кишвар имконпазир гардид.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ ҳамкориҳои бонкии Тоҷикистону Русия густариш меёбанд. Нисфи муассисаҳои молиявии Тоҷикистон, ки бо бонкҳои Русия муносибатҳои корреспондентӣ доранд, аллакай ба системаи интиқоли паёмҳои молиявии Бонки Русия пайваст шудаанд. Ин ҳолат устувории иловагии низоми пардохтии Тоҷикистонро дар шароити фишорҳои беруна таъмин мекунад. Ғайр аз ин, баъзе бонкаматҳои маҳаллӣ корти бонкҳои русиро қабул мекунанд, ки ин барои шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон хеле мувофиқ аст.
Сармоягузориҳои Федератсияи Русия дар иқтисоди Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад. Русия аз рӯйи ҳаҷми сармоягузорӣ дар ҷои дуюм қарор дорад, аммо дар шумораи ширкатҳои дорои саҳми хориҷӣ пешсаф аст. Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 330 ширкати русӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин бештар аз ширкатҳои кишвари дигари ҳамкор мебошад. Барои муқоиса ширкатҳои чинӣ тақрибан 3000 ва туркӣ камтар аз 100 мебошанд. Ҳамчунин, тибқи охирин омор Федератсияи Русия бо ҳаҷми беш аз 1, 7 миллиард доллар дар қатори дуюмин шарикони тиҷоратии хориҷии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”