27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
09.06.2025 14:32

Муаррифии либосҳои миллӣ бо лухтак. Чӣ тавр иқтисодчӣ лухтаксоз шуд?

Ганҷина Сафарова маълумоти олии иқдисодӣ дорад ва чанде аз рӯйи ихтисос фаъолият кардааст. Вале самти корашро иваз намуда, ба дунёи ҳунару зебоӣ пайваст. Ҳоло яке аз мубаллиғони либоси миллии тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонист. Тарзи муаррифиаш низ аҷиб аст - ба воситаи лухтакҳои сохтааш. Лухтакҳояш то имрӯз ба Амрикову Аврупо ва ҳатто Африқо низ расидаанд, ки ҳамаашон дар тан либоси миллӣ доранд.

Dialog.tj бо Ганҷина Сафарова доир ба лухтаксозӣ, таваҷҷуҳу арҷгузорӣ ба ҳунар, имконоти рушди лухтаксозӣ дар кишвар ва ғайраҳо суҳбат кард.

- То ҷое медонем, шумо маълумоти олии иқтисодӣ доред, бигӯед, ки кай ва чӣ гуна ба дунёи лухтакҳо омадед ва лухтаксоз шудед?

- Вақте ки зинаи бакалавриятро дар самти иқтисодӣ хатм кардам, ҳамчун муҳосиб ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Уғулзода ба кор даромадам. Ҳамчунин, ҳам ба зинаи магистратура дохил шудаму ҳам оиладор. Соли 2017 фарзанддор шуда, ба рухсатӣ баромадам. Чун вақти холӣ хеле зиёд доштам, рӯзе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷустуҷӯи шуғле андармон шудам. Нохост як лухтаки дастдӯзро дидам ва ошиқи ҳамин кор шудам. Кӯтоҳи гап, аз шабакаи Ютуб тарзи омода кардани лухтакро омӯхтам ва ҳамин тавр ба дунёи зебоӣ ворид гардидам.



- Аз як соҳа ба соҳаи тамоман дигар омадан душвор набуд?

- Хеле душвор буд, зеро ман аз дӯзандагӣ дур будам. Вале чун шавқам зиёд буд, ба душвориҳо аҳамият намедодам ва пайваста вақтамро ба лухтаксозӣ мебахшидам. Ҳамин тавр, бо гузашти чанде дастам рост шуд ва дигар тақлид намекардам, балки тарҳҳои худамро фикр карда баромадам.

- Аҳли оилаатон ба ин тасмим, яъне лухтарсозу тарроҳ шуданатон чӣ гуна бархурд карданд?

- Онҳо дар аввал фикр мекарданд, ки лухтаксозӣ бароям шуғли моҳҳона аст ва бо гузашти андаке вақт аз пайи кори асосиам мешавам. Аммо ин тавр нашуд, зеро воқеан ҳам, ин корро ман писандидам ва аз сохтани лухтакҳо пеш аз ҳама худам ҳаловат мебарам. Ин корест, ки ман бошавқ иҷро мекунам. Аслан, ман дар аввал ҳатто тасаввур накарда наметавонистам, ки рӯзе мешаваду лухтакҳои маро касе мехарад, аммо чунин шуд ва маҳсули эҷоди ман харидори худро ёфт.



- Лухтаксозиро аз кӣ ва дар чанд муддат омӯхтед?

- Ман худомӯзӣ кардаам, ягон устод надорам. Дар аввал аз шабакаи Ютуб нусхабардорӣ мекардам ва пасон тарҳҳоро худам омода карданро шуруъ намудам.

- Лухтаксозӣ чӣ дувшориҳо дорад?

- Душворӣ дар лухтаксозӣ нест, балки дар ёфтани маҳсулот аст. Барои мисол, то ҳол ман барои лухтакҳоям аз Федератсияи Россия мӯйи сар меорам. Ҳатто буд вақте ки бароям аз ИМА ҳам маҳсулот оварданд.



- Лухтакҳоятонро аз кадом навъи маҳсулот омода мекунед?

- Матоъи махсус аст, онро аз Маскав фармоиш медиҳам. Дарунашро бо синтипух пур мекунам. Либосҳояш бошад, миллианд, махсусан тоҷикии қадима.

- Сохтани як лухтак чӣ қадар вақтро мегирад?

- Барои сохтани як лухтак 2-3 рӯз сарф мекунам.

- Як лухтак аз куҷо оғоз мешавад: аз як фикр, як чеҳра, як матоъ ё як эҳсос?

- Аз як фикр оғоз мешавад, вале вақте ки омода мешавад, он шакли дигар мегирад ва аз ин бармеояд, ки образи худашро худаш интихоб мекунад. Инчунин, муштариён худашон фармоиш медиҳанд ва чӣ гуна будани либос, мӯй ва умуман лухтакро мегӯянд.

- Оё ба ҳар як лухтак ном мегузоред?

- То ҳол ба ягон лухтакам ном нагузоштаам, балки фикр мекунам муштариён ин корро кунанд хуб мешавад. Вале бояд як чизро бигӯям, ки муддате дар фикри сохтани шиноснома ба ҳар лухтакам шудам. Агар он фикрам амалӣ шаваду ман ба қавле барои онҳо паспорт омода кунам, пас, он вақт маҷбур мешавам, ки барои онҳо ном ҳам фикр кунам.

- Тақрибан як лухтак чанд сомонӣ арзиш дорад?

- Лухтакҳои ман тақрибан аз 350 то 850 сомонӣ арзиш доранд. Арзиши онҳо вобаста ба ҳаҷм ва сифаташон аст.

- Мардуми мо ба лухтак ва умуман ҳунари шумо чӣ гуна баҳо медиҳанд?

- Хушбахтона, рӯз аз рӯз таваҷҷуҳ ва арҷгузорӣ ба ҳунари лухтаксозӣ дар кишвари мо беҳтар шуда истодааст. Ҳастанд одамоне, ки аз ғамхорӣ ва дилсузӣ мегӯянд, ки лухтакҳоят хеле арзонанд, дар ҳоле, ки дар дигар кишварҳо арзиши миёнаи чунин лухтакҳои дастдӯз 200-300 доллар аст. Вале боз ҳастанд онҳое, ки аз заҳмату машаққати эҷодкор бехабаранд ва кори эҷодиро арзон гирифтан мехоҳанд.


- Тавре огоҳем, лухтакҳои шуморо берун аз кишвар ҳам харидорӣ мекунанд. Дар ин маврид муфассал бигӯед, ки аз кадом давлатҳо муштарӣ доред ва онҳо тоҷиканд ё хориҷӣ?

- Хеле хушбахтам, ки лухтакҳои ман дар саросари дунё харидор доранд. Муштариёнам тоҷикони худамон ҳастанд ва чун бархе аз онҳо дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд, барои худ ва дӯстони хориҷиашон лухтакҳои маро харидорӣ мекунанд. То ҳол ба Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ИМА, Олмон ва ғайраҳо хеле зиёд равон кардаам. Аммо бароям хеле шавқовар буд, ки лухтакҳои маро ҳамватанонамон харида ба Африқову Антарктида бурдаанд.

- Фарқи лухтакҳои шумо аз дигар лухтакҳо дар он аст, ки чеҳраи онҳо ороиш надорад, чаро чунин аст?

- Ин усули кории ман аст ва ҳар вақте ки муштариёнам аз ман хоҳиш мекунанд, ки ба онҳо чеҳра бикашам, рад мекунам. Сабаби асосии чеҳра надоштани лухтакҳоям дар он аст, ки аз ҷиҳати психологӣ вақте ки лухтак чеҳра надорад, ҳар касе, ки онро ба даст мегирад, бо тахайюли худ ба он чеҳрае медиҳад ва ин кор махсусан барои кӯдакон фоидаовар аст. Аз ҷониби дигар агар ба лухтакҳои сохтаи бибиҳоямон диққат диҳем, онҳо низ чеҳраи муайян надоштанд.

- Шумо ба лухтакҳоятон либосҳои миллӣ мепӯшонед ва ин як навъ муаррифии либоси миллӣ аст. Бигӯед, ки ин фикр дар сари шумо чӣ гуна пайдо шуд?

- Лухтакҳои аввалини ман либоси миллӣ надоштанд. Вақте ки ин корро шуруъ кардам, таваҷҷуҳ ба онҳо хеле зиёд шуд. Ҳатто буд лаҳзаҳое, ки вақти намоиши лухтакҳоям, шаҳрвандони хориҷӣ ошиқи либосҳои лухтакҳоям шуданд ва хоҳиши ба бар кардани либоси миллии тоҷикиро намуданд. Хушбахтам, ки ба ин васила либоси миллиро муаррифӣ мекунам.

- Агар лухтакҳои шумо забон медоштанд, ба фикратон чӣ мегуфтанд?

- Шояд агар онҳо забон медоштанд, ба ман мегуфтанд, ки чанд лухтак барои худат бисоз ва ҷойи намоёне бигзор. Дар ҳақиқат ман то ҳол барои худам лухтак насохтаам ва надорам.

- Дар баробари лухтаксозӣ, шумо ба омӯзонидани ин ҳунар машғулед. Бигӯед, ки синну соли шогирдонатон аз чандсола то чандсола аст ва онҳо дар чанд муддат ин ҳунарро меомӯзанд?

- Ман семинарҳои омӯзишӣ хеле зиёд гузаронидаам. Аз 5-сола боло ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Вақтҳои охир бо хоҳиши мактаҳои хусусӣ барои хонандагон дарсҳои омӯзишӣ мегузаронам ва албатта, дар ин самт таваҷҷуҳ хеле зиёд аст. Ҳатто аз хориҷи кишвар низ хоҳишмандон ҳастанд, ки мехоҳанд тариқи “онлайн” аз ман ин ҳунарро омӯзанд.

- Ба фикри шумо дар Тоҷикистон чӣ имкониятҳо ва монеаҳо барои ҳунармандон, махсусан лухтаксозон мавҷуд аст?

- Аз таҷрибаи худам мегӯям, ки дар кишвари мо шароит хеле хуб аст ва ҳеҷ монеае нест.

- Шумо хеле муваффақ ҳастед ва аён аст, ки муваффақият бо заҳмату меҳнати зиёд ба даст меояд. Бигӯед, ки муваффақ шудан ягон формулаи осон доред?

- Формулаи ягонаи муваффақият меҳнату кӯшиш кардан аст. Баҳонакобӣ ё тамбалӣ одамро хеле қафо мебарад.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.