Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
СММ: Дар солҳои наздик ҳаҷми дарёҳои Сир ва Ому 15 фоиз коҳиш хоҳад ёфт
Дар конфронси байналмилалии шаҳри Тошканд, ки мушкилоти камбуди об дар Осиёи Марказиро баррасӣ кард, зикр гардид, ки дар солҳои наздик ҳаҷми дарёҳои Сир ва Ому 15 фоиз коҳиш ёфта, бар асоси он ҳачми маҷмуи маҳулоти дохилии кишварҳои минтақа 11 фоиз кам мешавад.
Бо ширкати коршиносони байналмилалӣ, намояндагони Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон, вакилон ва мутахассисони намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Тошканд конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Дипломатияи обӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот, роҳҳои ҳал ва ҳамкорӣ” доир гашт ва дар он мушкилоти камбуди об, ки боиси боз мондани рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ мешавад, баррасӣ гардид.
Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки бар асоси таҳқиқоти нав дар солҳои наздик ҳаҷми оби дарёҳои Сир ва Ому то 15 фоиз коҳиш хоҳад ёфт, ки ин ҳолат метавонад ба ҳолати рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ гузорад.
Коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар конфронси мазкур пешниҳод намуданд, ки барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ Барномаи рушди дипломатияи обро бояд амалӣ кунанд. Тибқи гуфтаи мутахассисон зурур аст, ки стратегияи муассир ва ҳамоҳангшуда бо назардошти манфиатҳои ҷонибҳо қабул карда шавад.
Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки барои баҳрабардории самаранок аз манобеи обии минтақа бояд мутахассисони соҳаи хоҷагии об аз омӯзиш гузаранд. Дар робита ба ин масъала Созмони Милали Муттаҳид тасмим дорад, ки аз барномаи нақшаи таълимии кадрҳои зарурӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баланд бардоштани малакаҳои онҳо ҳимоят кунад.
Кошиноси ӯзбек Динара Зиганшина дар як суҳбати расонаӣ гуфта, ки мушкили камбуди об дар Осиёи Марказӣ фақат бо муколамаи созанда метавонад ҳал шавад.
Гуфта мешавад, Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҳадаф дорад, ки дар Осиёи Марказӣ дипломатияи обро рушд диҳад.
Нигаронӣ аз мушкилоти камбуди об дар Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки бо сабаби тағйироти иқлим сарчашмаи асосии оби минтақа - пиряхҳо бо суръат дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд. Суръати обшавии пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронии ҷиддии созмонҳои экокологиро ба вуҷуд овардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз оқибатҳои обшавии пиряхҳо ва нобудшавии манобеи обии минтақа ҳафтаи гузашта Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро бо ҳузури намояндагони воломақоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ доир кард.
Тақрибан ҳамаи ширкаткунандагон аз обшавии босуръати пиряхҳо изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки барои ҳифзи манобеи обӣ бояд ташаббусҳои муҳимми экологиро пиёда кунанд.
Нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар камбуди об дар ҳолест, ки гурӯҳи террористии Толибон калонтарин канали обии минтақа – канали Қуштеппаро мехоҳад бунёд кунад. Бархе кишварҳои поёноб, аз ҷумла Қазоқистон ва Ӯзбекистон нигаронии худро оид ба оқибатҳои бунёди канали Қуштеппа зикр намудаанд. Ҳафтаи гузашта дар як кофронс намояндаи Қазоқистон таъкид кард, ки истифодаи аз як се ҳисаи оби дарёи Ому бо ифтитоҳ шудани канали Қуштеппа паёмадҳои зиёнбори экологӣ дошта, боиси хушк ва нобуд шудани баҳри Арал мегардад.
Бар асоси пажӯҳиши муҳаққиқон яке аз сабабҳои асосии норасоии шадиди об дар минтақа бо истифода аз усулҳои кӯҳна обёрӣ кардани киштзорҳо аст. Ҳамчунин, коштани зироатҳои обталаб, ба мисли пахта ҳаҷми истифодаи оби полезӣ барои кишварҳои минтақаро меафзояд.
Бархе созмонҳои байналмилалӣ бо ҷудо намудани сармоя аз кишварҳои минтақа мехоҳанд, ки барои коҳиши ҳаҷми истифодаи об аз усулҳои муосири обёрии замин, аз ҷумла истифодаи обёрии қатрагӣ истифода кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”