27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
09.06.2025 10:27

Масъуд Пизишкиён: “Эрон ҳеч вақт зӯргӯӣ ва таҳдидро қабул намекунад”

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар мулоқот бо муовини Сарвазири Қазоқистон Мурат Нуртлеу гуфт, ки ҳамаи фаъолиятҳои атомии Эрон шаффоф аст ва аз сӯйи Агентии байналмилалии атомӣ низ тасдиқ шудааст. Ӯ дар ин суҳбат таъкид кард, ки Эрон омода аст ҳар навъ бозрасиҳои байналмилалӣ дар муассисаҳои атомияш анҷом дода шавад.

Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ Масъуд Пизишкиён бо муовини Сарвазири Қазоқистон дар шаҳри Теҳрон мулоқот намуда ва мардуми Қазоқистонро бо Иди саиди Қурбон табрик гуфтааст ва изҳори умед кардааст, ки ин иди бузург фурсати гаронбаҳо барои таҳкими робитаҳо миёни кишварҳои исломӣ ва густариши ҳамакориҳои ҳамаҷониба мегардад.

Масъуд Пизишкиён бо ишора ба фалсафаи амиқ ва ваҳдатофарини иди Қурбон ва ҳузури бузурги мусалмонон дар ҳаҷ, ин оини мазҳабиро таҷаллии ваҳдати уммати ислом ва намоиши таслим дар баробари иродаи илоҳӣ ва гузаштан аз нафс дониста, гуфт: “Самараи ин гирдиҳамоӣ бояд иродаи муштарак барои таҳкими дӯстӣ ва бародарии миёни миллатҳои мусалмон ва талоши ҳамоҳанг барои иззат ва ифтихори ислом ва уммати исломӣ бошад”.

Масъуд Пизишкиён гуфт, ки Эрон бо кишварҳои исломӣ нигоҳи бародарона дорад ва бар асоси таълимоти исломӣ, миллатҳои мусалмонро бародарони худ медонад.

“Омодагии комил дорем бо тамоми кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Қазоқистон дар заминаи густариши ҳамкориҳо табодули таҷрибаҳо ва истифода аз зарфиятҳои муштарак роҳи пешрафт ва рушди устуворро ҳамвор созем”- таъкид намуд Масъуд Пизишкиён.

Президенти Эрон бо ишора ба муштаракоти фарҳангиву таърихии ду кишвар гуфт, ки кишвараш омода аст дар ҳама соҳаҳо робитаҳои худро бо Қазоқистон густариш диҳад. Ба гуфтаи ӯ, ояндаи ин равобит ба иродаи муштарак барои сохтани фардои рӯшан ва сулҳу пешрафт барои минтақа ва ҷаҳон вобастагӣ дорад.

Дар ҷараёни мулоқот Масъуд Пизишкиён дар бахши дигари суханонаш ба музокироти ғайримустақим оид ба Барномаи атомии Эрон бо Амрико ишора намуда, гуфт, ки  “иттиҳомҳо дар мавриди Барномаи сулҳомези атомии Эрон дар ҳолест, ки мо чандин бор ба рӯшанӣ гуфтаем ва дар амал ҳам нишон додаем, ки ҳеч гоҳ дар пайи тавлиди аслиҳаи атомӣ ё силоҳҳои куштори ҷамъӣ набудем ва нестем”.

“Фаъолиятҳои атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон комилан шаффоф аст ва Агентии байналмилалии атомӣ чандин маротиба ин масъаларо таъйид кардааст. Мо омодаем таҳти бозрасӣ қарор гирем, аммо маҳрум сохтани миллатҳо аз дастрасӣ ба дониш, технология ва дастовардҳои илмиро ғайри қобили қабул медонем. Зеро ин навъи маҳрумият маънои маҳрум кардани инсонҳо аз неъматҳои илоҳиро дорад ва қобили қабул нест.

Мо сари таъзим фақат дар баробари Худо фуруд овардаем, то дар баробари ғайри Худо сар фуруд наорем. Мо иҷозат намедиҳем, ки дигарон дар бораи сарнавишти миллати мо тасмим бигиранд. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша омодаи шунидани сухани мантиқӣ аст, аммо ҳеҷ гоҳ зӯргӯӣ ва таҳдидро нахоҳад пазируфт”-  гуфт Масъуд Пизишкиён.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.