26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:37, Душанбе
09.06.2025 10:12

Дӯстум бо ҳимоят аз Ҷабҳаи миллӣ дар мавриди такрори Дашти Лайлӣ ба Толибон ҳушдор дод

Роҳбарони Шурои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон бар поён додан ба ҳокимияти Толибон аз тариқи муборизаи низомӣ таъкид намуданд.

Маршал Абдуррашид Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ аз роҳбарони Шурои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон рӯзи ҷумъа, 6-уми июн дар суханоне дар маросими иди Қурбон ба ҳокимият аз фаъолияти низомии ин ҷабҳа ва ҳифзи ваҳдати сиёсӣ ва низомӣ бар зидди Толибон таъкид намуданд.

Ин маросим дар Анқараи Туркия ва бо ҳузури шуморе аз мақомҳои давлати пешин ва Абдуллоҳ Ханҷонӣ, раиси Дафтари сиёсии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ баргузор шуд.

Маршал Дӯстум хитоб ба Аҳмад Масъуд гуфт, аз фаъолияти сиёсӣ ва низомиаш ҳимоят мекунад ва ба далели мушкилоте, ки дар масири муборизаи низомӣ вуҷуд дорад, набояд хаста ва ноумед шавад: “Мо бо лашкари сиёсӣ ва тамоми тавони  низомӣ дар канори Ҷабҳаи муқовимати миллӣ истодаем”.

Маршал Дӯстум таъкид кард, ки Шурои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон аз муборизаи низомии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят мекунад. Ӯ ҳамчунин, ба Толибон ҳушдор дод, ки мумкин аст ин бор моҷароҳои шабеҳи Дашти Лайлӣ, аммо бо номҳое чун Дашти Соланг ва Дашти Бодғис шакл гирад.

Моҷарои Дашти Лайлӣ ба кушта шудани садҳо узви Толибон дар декабри соли 2001 ва дар ҷараёни даргириҳои сангин миёни Толибон ва неруҳои мухолифи ин гурӯҳ дар вилояти Ҷузҷон ишора дорад. Толибон иддао доранд афроде, ки кушта шуданд зиндониён ва асироне буданд, ки худро ба неруҳои таҳти фармони Маршал Дӯстум таслим карда буданд.

Дӯстум ба мардуми Афғонистон итминон дод, “Толибон ҳамон гуна ки омаданд, ҳамон гуна хоҳанд рафт” ва ҳушдор дод, мухолифони ин гурӯҳ дар ҳама ҷо дар камини ононанд ва рӯзе хоҳад расид, ки роҳи фироре барои Толибон боқӣ намемонад. Дӯстум, ки дар даври нахусти ҳокимияти Толибон - аз 1996 то 2001 аз фармондеҳони калидӣ дар басиҷи неруҳои мардумӣ барои ҷанг бо ин гурӯҳ буд, ҳушдор дод, ки ӯ ҳамчунон неруи лозим барои мубориза бо Толибонро дорад. Пеш аз ин Дӯстум аз Иёлоти Муттаҳида хоста буд, ки ба ӯ кумак кунад, то Толибонро аз қудрат канор бизанад.

Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳ Ханҷонӣ дар суханоне гуфт, Аҳмад Масъуд ба ӯ вазифа дода буд, то ба дидани Маршал Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва дигар роҳбарони сиёсии муқими Туркия биравад. Ханҷонӣ афзуд: “Ба ман вазифа супурда шуд, ки паёми ваҳдат ва ҳамдилиро ба шумо бирасонам. Пешшарти озодӣ ваҳдат ва инсиҷом аст” ва хитоб ба маршал Дӯстум гуфт: “Шумо аз намодҳо ва пояҳои аслии ваҳдат ҳастед”.

Абдуллоҳ Ханҷонӣ бо таъкид ба ҳифзи якпорчагӣ дар миёни мухолифони Толибон чунин таъкид кард: “Мо бояд ҳама муттаҳид бошем ва сарусадоҳое, ки сабаби тафриқа мешавад, ғайризарурӣ ва бархилофи ормони мардуми мо аст”.

Раиси сиёсии дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо ишора ба вазъияти ҳуқуқи башари мардуми Афғонистон гуфт: “Самте, ки аз Қандаҳор то Бадахшон ва Кобул то Бомиён ҷорӣ аст, дар сад соли гузашта намуна надорад”.

Ҳамчунин, Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ва узви раҳбарии Шурои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон гуфт, режими Толибон ба далели ихтилофҳои дохилӣ ва безории густурдаи мардум, дар ҳоли сипарӣ кардани охирин рӯзҳои худ аст ва ба зудӣ фурӯ хоҳад пошид.

Муҳаққиқ афзуд: “Кушторҳои ҳадафманд, кӯчҳои иҷборӣ ва ҳазорон ҳодисаи талх дар Афғонистон ҷараён доранд ва бо ин ҳама давлатҳое, ки шиори демократия медиҳанд, аз ин низоми террористӣ ҳимоят мекунанд”.

Муҳаққиқ бо таъкид бар ин ки аҳзоб ва ҷараёнҳои зидди Толибон барои ояндаи Афғонистон инсиҷом ёфтаанд, тасреҳ кард: “Ба шумо итминон медиҳам, низоме, ки бар асоси як дасисаи байналмилалӣ бар Афғонистон ҳоким шуд, акнун рӯзҳои поёнии худро сипарӣ мекунад ва мардум ба андозаи кофӣ аз инҳо безор шудаанд”.

Дар ҳоле, ки роҳбарони Шурои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон бо хушбинӣ аз иттиҳод ва ҳамбастагӣ миёни ҷабҳаҳои мухолифи Толибон сухан мегӯянд, Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки дар дохили ин кишвар даргири муборизаи низомӣ аст, дар паёме, ки рӯзи ҷумъа нашр кард, гуфт: “Фиқдони дидгоҳ ва дурнамои ҷомеъ, фарогир ва мутаносиб ба ниёзи имрӯзи меҳмонон дар сафҳаи мухолифони Толибон барги барандаи Толибон дар чаҳор соли гузашта будааст”.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон ҳамчунин, аз нафратпарокании қавмӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ дар миёни корбарони афғон интиқод кард ва гуфт ин вазъият мумкин аст ба руҳияи муборизони ҷабҳаҳои низомӣ дар дохили Афғонистон осеб бизанад.

Мухтор Вафоӣ, матн аз “Индепенденти форсӣ”

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.