Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нарендра Модӣ бо панҷ вазири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи иқтисод, амният, технология ва терроризм гуфтугӯ намуд
Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон баъди анҷомёбии нишасти чоруми Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон, ки дар шаҳри Деҳлӣ доир гашт, бо вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ мулоқот намуда, масоили ҳамкорӣ ва густариши равобити дуҷониба ва чандҷонибаро мавриди гуфтугӯ қарор дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти сарвазири Ҳиндустон хабар дода, афзудааст, ки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба таври муштарак бо Нарендра Модӣ мулоқот намуданд.
Дар мулоқот Нарендра Модӣ муаррифии як барномаи ҳамаҷониба барои густариши робитаҳои иқтисодӣ, рушди шабакаҳои нақлиётиву транзитӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мудофеа ва амният, ҳамчунин, ҳамкории муштарак дар бахши технологияҳои нав, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ ва муқовимат бо тағйирёбии иқлимро пешниҳод намуд.
Нарендра Модӣ бо ишора ба ҳамгироии иқтисодӣ дар соҳаҳои иқтисод, иртиботот, дифоъ, амният, тандурустӣ, транзит таъкид намуд, ки шарикӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад дар ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир бозад. Ӯ афзуд, ки ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҳиндустон аст ва бори дигар уҳдадориҳои Ҳиндустонро барои як Осиёи Марказии устувор ва шукуфон тасдиқ кард.
“Ҳамкориҳои шарикии байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун неруи иловагӣ дар мубориза бо мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амал мекунад”- зикр намуд Нарендра Модӣ
Сарвазири Ҳиндустон афзуд, ки равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша аз самтҳи афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Нарендра Модӣ бо ишора ба равобити таърихии миёни халқҳо ба густариши иртибототи иқтисодӣ, рушди шабакаҳои ҳамлу нақл, тақвияти ҳамкориҳои технологияи нав ва иқлим таъкид намуд.
Дар ин мулоқот вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ Нарендра Модиро бо натиҷаҳои мусбати нишасти чоруми Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон огоҳ намуданд, ки асосан ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи миёни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шуда буд. Дар ҷараёни гуфтугӯҳо ба масъалаҳои тиҷорат, энергетика, амният ва технологияҳои нав даққати махсус дода шуд.
Сарвазири Ҳиндустон роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро барои ширкат дар даври дувуми нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон, ки дар Деҳлӣ баргузор хоҳад гашт, даъват намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”