Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мунтахаби Португалия ғолиби Лигаи миллатҳо шуд
Шоми гузашта дар доираи даври ниҳоии Лигаи миллатҳо мунтахабҳои Португалия ва Испания бо ҳам рақобат карданд.
Ҳарчанд аксар ба ғалабаи мунтахаби Испания бовар доштанд, аммо бозӣ ба фоидаи португалиҳо ба анҷом расид ва онҳо бори дуюм қаҳрамони Лигаи миллатҳо шуданд.
Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби ду бар ду ба анҷом расид. Дар ду тайми иловагӣ ҳисоби бозӣ тағйир наёфт. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра тими миллии Португалия бо ҳисоби 5 бар 3 ғолиб омад.
Ҷиҳати ҷолиби бозӣ боз дар он буд, ки бархеҳо доир ба синну соли футболбози португалӣ Криштиану Роналду суханҳои ноҷо гуфта, ба майдон баромадани ӯро ҳамчун халалрасонӣ ба тими миллӣ арзёбӣ мекарданд. Аммо Роналду бори дигар исбот кард, ки синну сол барои ӯ танҳо рақам аст, зеро ӯ ҳам дар бозии нимниҳоӣ зидди Олмон ва ҳам дар вохӯрии ниҳоӣ муқобили Испания голҳои муҳим ва ғалабаоварро ба нишон расонд.
Криштиану Роналду бо бозиҳояш ба оламиён исбот мекунад, ки дар 40-солагӣ ҳам метавонад дар сатҳи баланд бозӣ кунад.
Ёдовар мешавем, пас аз анҷоми бозӣ Роналду ба хабарнигорон гуфт, ки дар тамринҳои пеш аз бозӣ пояш ҷароҳат бардошт, аммо ба ин ногоҳ накарда, ба майдон баромад ва яке аз голҳои тимашро ба самар расонд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”