Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар “МегаФон Тоҷикистон” масъалаи сифату суръати интернет баррасӣ шуд
Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздид аз идораи марказии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” масъалаи беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, махсусан сифату суръати интернет, ҷустуҷӯи ҳалли мушкилот дар доираи муроҷиати шаҳрвандонро бо роҳбарон ва кормандони ширкати мазкур ба миён гузошт.
Тавре ки маркази матбуоти Хадамоти алоқа хабар медиҳад, дар вохӯрии мазкур таъкид гардид, ки вазифаи асосии алоқачиён ин баланд бардоштани сатҳи дастрасии хизматгузориҳои муосири рақамӣ барои ҳамаи сокинони кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, дар ин раванд саривақт бартараф намудани мушкилиҳое, ки дар минтақаҳо ба амал меояд ва баррасии шикоятҳои муштариён аз ҷумлаи вазифаҳои ҷонии ширкатҳо маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо тарзи фаъолияти хадамоти мизоҷон, ки имкон дорад давоми шабонарӯзӣ бо муштариён дар тамос бошад ва инчунин, таҷҳизоти шуъбаи идоракунии фаврӣ-техникӣ шинос шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”