Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Паёми идонаи Хоманаӣ: “Кишварҳои исломӣ бояд тамоми роҳҳои кумак ба Исроилро банданд”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз кишварҳои исломӣ хост, ки ҳамаи роҳҳои кумак ба режими Исроилро бибанданд, то дасти ҷинояткорон аз идомаи ваҳшоният дар Ғазза кӯтоҳ шавад.
Бар гузориши расонаҳои эронӣ, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме ба муносибати Иди Қурбон ва мавсими ҳаҷи имсола бо ишора ба ҷинояту ваҳшонияти режими Исроил дар Ғазза гуфт, ки муҳимтарин вазифаи кишварҳои исломӣ пешгирӣ аз фоҷеаи башарӣ дар минтақаи Навори Ғазза аст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаҷро сафари машқ ва ҳиҷрати руҳонӣ аз зиндагии одӣ ба зиндагии тавҳид номида, таъкид намуд: “Оини ҳаҷ намунаҳои рамзии зиндагии тавҳидиро дар бар мегирад ва зоир ҳаҷро бо ин зиндагӣ ошно месозад ва ба он фаро мехонад. Ин даъватро бояд шунид, омӯхт ва азмро барои ба коргирии дарсҳояш мустаҳкам кард”.
Роҳбари Эрон хитоб ба давлатҳои исломӣ гуфт, бояд ҳамаи роҳҳои кумакрасонӣ ба режими Исроилро бибанданд, то дасти ҷинояткорро аз идомаи ваҳшоният дар Ғазза кӯтоҳ кунанд. Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид намуд, ки Амрико шарики аслии ин ҷиноятҳо аст ва кишварҳои вобаста ба Амрико бояд ин кишварро водор кунанд, ки даст аз пуштибонии Исроил бардорад.
“Муқовимати аҷиби мардуми Ғазза мавзуи Фаластинро дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳони Ислом ва ҳамаи озодагон қарор додааст. Бояд аз ин фурсати нодир истифода кард ва ба ёрии ин миллат шитофт. Ба талоши мустакбирон барои фаромӯш кардани номи Фаластин сиёсати аҳмақонаи роҳбарони Исроил натиҷаи баръакс дод, имрӯз номи Фаластин дурахшонтар ва нафрат аз Исроил бештар аз ҳар замони дигар аст”- таъкид намуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.
Роҳбари Эрон таъкид кард, ки сухангӯён ва афроди дорои мақомҳои иҷтимоӣ бояд миллатҳоро огоҳу ҳассос кунанд ва талаби кумак ба Фаластинро густариш диҳанд. Шумо зоирони хушбахт низ аз Худованд пирӯзии мардуми мазлум бар золимон ва пуштибонони онҳо, аз ҷумла режими Исроил ва Амрикоро талаб намоед.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”