Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Песков: “Путин омодаи ширкат ва кумак дар музокироти атомии Эрону Амрико аст”
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар сурати зарурат омодааст, ки дар музокироти миёни Эрон ва Амрико оид ба барномаи атомии Эрон ширкат кунад. Дар ин хусус, котиби матбуотии президент Дмитрий Песков рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод.
“Дар ҳолати зарурат. Ин як равандест, ки ҳоло ҳам идома дорад. Шумо медонед, ки мо ҳам бо Теҳрон ва ҳам бо Вашингтон ба воситаи каналҳои гуногун дар гуфтугӯ қарор дорем. Бинобар ин, агар зарурат пеш ояд, президент ва ҷониби Русия метавонанд ба ин раванд ҳамроҳ шаванд” – таъкид намуд Дмитрий Песков.
Дмитрий Песков афзуд, ки Маскав бо Теҳрон муносибатҳои наздики шарикӣ дорад ва албатта “президент омодагии худро барои истифода аз ин сатҳи шарикӣ бо Теҳрон баён доштааст, то барои ҳалли масъала ва мусоидат ба музокироти мавҷуда доир ба Барномаи атомии Эрон саҳм гузорад”.
Дмитрий Песков ин суханонро дар посух ба суол дар мавриди гуфтугӯҳои ахири Путин бо Трамп ва эҳтимоли сафараш ба Теҳрон иброз дошт.
Рӯзи гузашта расонаҳо хабар доданд, ки президент Владимир Путин ва Доналд Трамп бо ҳам гуфтугӯи телефонӣ анҷом додаанд. Дар бораи ҷузъиёти суҳбати телефонӣ зикр шуд, ки президенти ду кишвар доир ба масъалаи оташбас дар Украина ва музокироти атомии Эрон суҳбат намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”