27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
05.06.2025 11:36

Трамп вуруди шаҳрвандони Афғонистон ба Амрикоро комилан манъ кард

Президенти Амрико Доналд Трамп ворид шудани шаҳрвандони 12 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Эрон ва Судон ба Амрикоро барои “масъалаҳои ҷиддии амниятӣ” ва таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти миллии ин кишвар комилан манъ кардааст.

Ҳукумати Доналд Трамп бо содир кардани як қарори иҷроӣ эълон кард, ки шаҳрвандони Эрон, Афғонистон, Судон ва Яман дигар наметавонанд ба қаламрави Амрико ворид шаванд.

Дар қарор зикр шудааст, ки ин мамнуият бо сабаби “камбудиҳои ҷиддӣ дар раванди санҷиш ва филтри амниятӣ” дар 12 кишвар, ки ин сабабҳо таҳдид ба амнияти миллӣ арзёбӣ мешавад, ҷорӣ карда мешавад.

Дар изҳороти ҳукумати Трамп зикр мешавад, ки ниҳодҳои амниятии Амрико бо арзёбиҳо кишварҳои зикршударо дар сатҳи баланди хатар аз ҷиҳати таҳдидҳои террористӣ ва амнияти миллӣ қарор медиҳанд.

Дар ин қарор ба шахсони дорои иқомати доимӣ, раводидҳои муътабар ва касоне, ки ворид шуданашон ба манфиати миллии Амрико аст, истисно пешбинӣ шудааст.

Бар асоси изҳорот ин қарор бо такя ба моддаи 212-и қонуни муҳоҷират ва шаҳрвандии Амрико қабул шудааст.

Додгоҳи олии Амрико низ ҳуқуқи президент барои ҷорӣ кардани чунин маҳдудиятҳои муҳоҷиратиро тасдиқ карда буд.

Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки бознигарии раванди филтр ва назорати амниятӣ яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати нав барои таҳкими ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ҳифзи амнияти шаҳрвандони Амрико хоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.