Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аҳолии Тоҷикистон аз марзи 10, 5 миллион нафар гузашт
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то санаи 1-уми апрели соли равон аҳолии кишвар аз марзи 10, 5 миллион нафар гузашт ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сатҳи афзоиши аҳолӣ 2 фоизро ташкил дод.
Минтақаи аз ҳама сераҳолии Тоҷикистон вилояти Хатлон (3, 8 млн) ва вилояти Суғд (2,9 млн) ба шумор мераванд. Ҳамчунин, ноҳияҳои тобеи марказ 2,2 миллион, шаҳри Душанбе 1, 2 миллион ва ВМКБ 235 ҳазор нафар нуфуз доштаанд.
Бар асоси арзёбиҳо афзоиши аҳолӣ бо баландтарин сатҳи таваллуд ҳамроҳ будааст. Дар се моҳи аввали соли 2025 дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 24, 4 ҳазор кӯдак дар вилояти Хатлон, 13, 6 ҳазор кӯдак дар ноҳияҳои тобеи марказ, 13, 1 ҳазор кӯдак дар вилояти Суғд, 6 ҳазор кӯдак дар шаҳри Душанбе ва 752 кӯдак дар ВМКБ ба қайд гирифта шудаанд.
Ин нишондиҳандаҳо 1, 5 фоиз бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошанд, ки аз афзоиши сатҳи табиии аҳолӣ дарак медиҳанд.
Тибқи омор нишондоди фавт низ афзудааст.
Ин омор якҷоя бо афзоиши таваллуд аҳамияти таҳлили амиқ ва роҳандозии чораҳои муассир дар бахши сиҳатии омма, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, банақшагирии демогарфиро нишон медиҳад.
Ҳамин тариқ, бар асоси арзёбии оморӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди демографӣ ворид мешавад, нигоҳдорӣ ва таҳкими инфрасохтори тандурустӣ, бахусус дар вилоятҳои сернуфуз аҳамияти афзоянда пайдо мекунад, иттилои мазкур метавонад асоси муҳимми банақшагирии сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”