Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Пешрафт. Дар “Шифобахш” ҷарроҳии нодир гузаронида шуд
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” аз ҷониби табибони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти табобати бемориҳои рагҳои мағзи сар боз як амалиёти душвори ҷарроҳӣ бомуваффақият ба анҷом расонида шуд.
Гуфта мешавад, ки ҷарроҳии мазкурро Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари “Шифобахш” бо ҳамкасбонаш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки амалиёти ҷарроҳӣ ба марди 66-сола, ки бо ташхиси аневризмаи артерияи хоби даруна сегменти кавернозӣ дар муассисаи мазкур бистарӣ гардида буд, бо усули эндовескулярӣ стентгузорӣ анҷом дода шуд.
Тибқи гуфтаи Субҳониддин Баҳодуров аневризмаи сегменти каверозии артерияи хоби даруна дар бемор аломатҳои дардҳои шадид дар қисми чашм ва рӯй ба вуҷуд меорад. Агар ин аневризм бикафад, дар бемор ташхиси каверози саустия иваз мешавад, ки бемор дарди чашм, нобиноӣ, сурхшавӣ ва берун баромадани чашмро эҳсос мекунад.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки ҳолати бемор пас аз амалиёти ҷарроҳӣ хуб мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”