27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
04.06.2025 20:03

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ғанисозии уран калиди масъалаи атомии Эрон аст”

Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар маросими бузургдошти асосгузори инқилоби Исломӣ Оятуллоҳ Руҳуллоҳи Хумайнӣ гуфт, ки бархӯрдорӣ аз чархаи комил ва ифтихоромези сӯхти атомӣ натиҷаи бовари миллат ва донишмандони ҷавон бо шиори “мо метавонем” буда аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таъсири муҳимми саноати атомӣ дар рушди илмҳо ва соҳаҳои саноатӣ, пешниҳоди Амрико дар мавриди Барномаи атомии Эронро мухолифи комили руҳияи “мо метавонем” хонда, афзуд, ки “Саноати бузурги атомӣ бидуни ғанисозии уран амалан бесамар аст.

Роҳбари Эрон Имом Хумайниро меъмори бузурги низоми рушдёбанда, собит ва пуриқтидори Ҷумҳурии Исломӣ дониста, гуфт: “36 сол пас аз вафоти он марди бузург, ҳузури ӯ ва таъсири инқилобаш дар масоиле чун суқути қудратҳои бузург, ташаккули низоми чандқутбӣ, коҳиши шадиди нуфуз ва ҷойгоҳи Амрико, боло рафтани нафрат аз саҳюнизм, ҳатто дар Аврупо ва Амрико ба бедории халқҳо бо инкори арзишҳои ғарбӣ эҳсос мешавад”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид намуд, ки ғофилгирии ҷаҳони Ғарб дар муқобили “басиҷи миллат ба воситаи як олими динӣ, пирӯзии Имом ва миллат бо дасти холӣ бар режими мусаллаҳ ва вобастаи паҳлавӣ ва рондани амрикоиҳо ва саҳюнистҳои ғоратгар аз Эрон” буд ва “ғофилгирии дувум барои ғарбиҳо ташкили Ҷумҳурии Исломӣ бо тадбир ва пайгирии Имом буд”.

Роҳбари Эрон бо ёдоварӣ аз умеди Амрико ба ташкили як ҳукумати созишкор дар Эрон ва таъмини манфиатҳои номашруи амрикоиҳо бар Эрон гуфт: “Имом бо баёни рӯшани мавқеаш дар мавриди ташкили низоми исломӣ дар Эрон ин умеди Амрикоро бардод дод ва тавтеаҳои душманон аз ҳамон ҷо оғоз шуд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаҷм, гуногунӣ ва шиддати тарҳҳои вайронгари Ғарб, бахусус Амрико дар муқобили Инқилоби Исломиро дар таърихи инқилобҳои муосир бесобиқа дониста, афзуд: “Таҳаррукоти қавмӣ, мусаллаҳ кардани гурӯҳҳои зиддиинқилобӣ, пуштибонӣ аз Саддам барои ҳамла ба Эрон ва террори ёрони Имом аз ҷумлаи душманиҳое буданд, ки дар даҳсолаҳои баъд бо террори олимони атомӣ идома ёфт”.

Роҳбари Эрон таҳримҳои ҳамаҷониба, ҳамлаи низомии Амрико ба Табас ва задани ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар Халиҷи Форс низ аз дигар амалҳои душманона дониста, гуфт: “Пушти ҳамаи ин тавтиаҳо давлатҳои истихборӣ, бахусус Амрико ва режими саҳюнистӣ (Исроил) ва хадамоти ҷосусӣ чун CIA, MI6 ва Моссад қарор доштанд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳадафи чунин амалҳои вайрогарро заиф сохтани Ҷумҳурии Исломии Эрон дониста, афзуд, ки “миллат ва низом дар муқобили ҳамаи ин тавтиаҳо истодагарӣ карда, беш аз ҳазор тавтиаро хунсо карданд. Ҷумҳурии Исломӣ на фақат заиф нашуд, балки бо қудрат ба пеш рафт ва боз ҳам бо иқтидор идома хоҳад дод”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ғолиб шудани эҳсосот бар ақлро як офати бузург ва сабаби аслии мунҳариф шудани инқилобҳо, аз ҷумла инқилоби Фаронса дониста, таъкид намуд: “Имом бо табдири илоҳӣ ва ақли муъминонаи худ инқилобро аз ин офат ҳифз кард ва нагузошт эҳсос бар ақл ғолиб ояд ва инқилобро мунҳариф кунад.

Истиқлолият маънояш ин аст, ки Эрон ва миллати он побарҷо истода, интизори чароғаки сабзи Амрико набошанд, балки бо ташхиси худ амал кунанд” – афзуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Оятуллоҳ Хоманаӣ “мо метавонем” –ро муҳимтарин усули иқтиқлолият дониста, афзуд, ки “бар хилофи режими паҳлавӣ, ки ба мардум “мо наметавонем” –ро талқин мекард, Имом “мо метавонем” –ро зинда намуд ва ин руҳия сабаби пешрафтҳои илмӣ, фаннӣ, дифоӣ ва бунёдкорӣ шуд”.

Роҳбари Эрон пешниҳоди атомии Амрико аз тариқи Умон ба Эронро сад дар сад бар зидди руҳияи “мо метавонем” донист.

“Дар оғози инқилоб тавоноии дифоӣ қариб сифр буд, аммо бо таъкиди Имом қудрати дифоӣ афзоиш ёфт ва имрӯз Эрон дар бисёре аз арсаҳои дифоӣ дар сатҳи аввали минтақа қарор дорад” – зикр кард Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Роҳбари Эрон бо ишора ба ин ки Эрон бо ҳушмандии ҷавонон ва кӯшиши олимон тавонистааст давраи комили сӯхти атомӣ дошта бошад, гуфт, ки шумораи кишварҳое, ки ин қобилиятро доранд, андак мебошанд.

“Саноати атомӣ на фақат барои тавлиди барқи тоза, балки барои пешбурди улуми асосӣ, мунҳандисӣ, тиб, фазонавардӣ ва муҳити зист нақши бузург дорад. Ва дар ин соҳа ғанисозии уран нуқтаи асосист, ки душман низ ба он таваҷҷуҳ дорад”- афзуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Роҳбари Эрон таъкид намуд, ки бидуни ғанисозӣ барои таъмин кардани сӯхти неругоҳҳо Эрон бояд дасти эҳтиёҷ ба сӯйи дигарон дароз кунад, ки ин хилофи истиқлолият аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.