Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
РВКД: 10 гӯштфурӯш барои гарон кардани нарх ҷарима шуданд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷаримаи 10 гӯштфурӯш хабар дод, ки худсарона нархро баланд кардаанд.
Тавре манбаъ менависад, дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби гурӯҳи кории милитсияи пойтахт, 10 далели худсарона қиммат намудани нархи гӯшт муайян карда шуд. Аз ҷумла, фурӯшандагон Бозоров Содиқ, Гулбоев Асадуло, Бобоназаров Хайриддин, Негматов Хайриддин, Маҳмудов Носир, Шерзода Ҳамидҷон, Хурсандов Раҳматулло, Бобоев Зоир, Исоев Алишер ва Нурқобилов Абдураҳим аз ниёзмандии шаҳрвандон ва омадани Иди Қурбон суистифода намуда, бо мақсади ба даст овардани манфиат худсарона нархи гӯштро гарон намудаанд.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба номбурдагон бо моддаи 555 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ шудаанд.
Ҳамчунин, РВКД таъкид мекунад, ки гурӯҳҳои кории милитсияи пойтахт ҷиҳати назорати нархи дигар маҳсулот низ дар бозорҳо ва марказҳои савдо санҷиш ва корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”