Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: 25 фоизи мардуми Афғонистон нос истеъмол мекунанд
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо нашри як гузориш гуфтааст, ки 25 дарсади мардум, аксаран ҷавонону занони Афғонистон тамокӯ истеъмол мекунанд. Бар асоси ин гузориш, аз ҳар чор нафар, як нафар дар Афғонистон тамокӯ истеъмол мекунад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамокӯ ин гузоришро нашр карда, аз ҷомеа хостааст, ки бо ҳам муттаҳид шуда, ба зидди ин падидаи хатарнок мубориза баранд.
Эдвин Сниза Салвадор, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Афғонистон гуфтааст, ки зарари тамокӯро дар “пушти дурӯғҳои ширин” пинҳон мекунанд ва афзоиши истеъмоли он дар миёни ҷавонписарони Афғонистон боиси нигаронӣ аст.
“Фурсати он фаро расидааст, ки ин раванд қатъ шавад ва наслҳои оянда ҳифз шаванд” – гуфтааст Эдвин Сниза Салвадор.
Ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ навъи маъмултарини тамокӯ дар Афғонистон “нос” буда, ҳатто аз сӯйи бархе занон ҳам истифода мешавад.
Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки Вазорати тандурустии Афғонистони зери назари гурӯҳи террористии Толибон эълон кард, ки 27 фоизи мардуми Афғонистон нос истеъмол мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”