Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Абулазиз Камилов заявил, что Узбекистан официально признает Талибан только при участии международного сообщества.
Абдулазиз Комилов, мушовири президенти Ӯзбекистон дар умури сиёсати хориҷа ва муовини котиби Шурои амнияти ин кишвар дар суҳбат бо расонаҳои ӯзбекӣ гуфт, ки Ӯзбекистон бар асоси сиёсати амалгароӣ ва принсипиалӣ бо ҳукумати феълии Афғонистон иртибот дорад. Ӯ афзуд, ки ҷонибдори гуфтугӯҳои ҳамаҷониба бо Толибон аст.
Абдулазиз Комилов зикр кард, ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии Толибон ба масъалаи ба расмият шинохтан ё нашинохтани ин гурӯҳ иртибот надорад. Ӯ таъкид намуд, ки “масъала ин нест, ки мо онҳоро эътироф мекунем ё на. Мо эътироф хоҳем кард, агар вақти он фаро расад. Ин ногузир аст. Аммо мо мехоҳем, ки ин раванд дар ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ сурат гирад”.
Абдулазиз Комилов бо ишора ба ин ки миёни мардуми ду кишвар иртиботи таърихӣ ва фарҳангӣ устувор асту солҳо боз дар як фазои тамаддунӣ зиндагӣ мекунанд, гуфт Абурайҳон Берунӣ, Алишер Навоӣ, Лутфӣ, Камолиддин Беҳзод ва Зуҳуриддин Бобур дар Афғонистон зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Ӯ таъкид кард, ки оромгоҳи охирини бисёре аз ин бузургон дар Афғонистон аст.
Абдулазиз Комилов аз иқдоми ахири Толибон ёдовар шуд, ки барои бозсозии маҷмааи ёдбуди Имом Бухорӣ 16 камаз санги мармар фиристодаанд ва ин иқдомро “шаҳодати рӯшани наздикии маънавӣ” номид, ки “кишварҳои дигар чунин иқдом намекунанд”. Ӯ бо ишора ба ҳамлаҳои низомии Британияи Кабир, Иттиҳоди Шӯравӣ ва НАТО ба Афғонистон гуфт, ки Афғонистон имрӯз ба фишор ниёз надорад, балки ба пуштибонӣ ниёз дорад.
“Ҳамаи онҳо омаданд, вайрон карданд ва баъд талаб карданд, кадом давлат бунёд шавад, сохтори он чӣ гуна бошад, кадом сиёсатро пеш гирад. Маслиҳат додан осон аст. Аммо ба миллате, ки беш аз 40 сол оромиро надидааст, қабл аз ҳама, кумак лозим аст. Аз ин рӯ, роҳбари кишвари мо аз оғоз принсипҳоро мушаххас кард, ки бояд асоси он муколама ва ҳамкорӣ бо Афғонистон аст” – таъкид кард Абдулазиз Комилов.
Мушовири президенти Ӯзбекистон ба омилҳои фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон ишора карда, гуфт, ки дар замони президент Ашраф Ғанӣ кишвар бисёр осебпазир буд, 79 дарсад буҷет аз ҳисоби кумакҳои хориҷӣ таъмин мешуд ва назорати аз 30 то 40 фоизи қаламравро дар бар мегирифт.
“Мо дуруст рафтор кардем, ки гуфтугӯро бо Толибон оғоз кардем. Онҳоро ба Ӯзбекистон даъват кардем. Ҳоло онҳо дар сари қудрат мебошанд, мо онҳоро хуб мешиносем. Вақте ки мо танҳо ба онҳо муроҷиа кардем, давлатҳои бузург аз мо мепурсиданд, чаро Шумо бо террористон гуфтугӯ мекунед? Ҳоло худашон ба мо муроҷиат мекунанд, ки дар эҷоди робита кумак кунем, зеро аллакай муносибатҳои худро бо онҳо барқарор кардем”- афзуд Абдулазиз Комилов.
Абдулазиз Комилов зарурати муколамаи ҳамаҷонибаро бо иштироки намояндагони Толибон дар формати байналмилалӣ муҳим шумурда, таъкид кард, ки “ҳоло муколама якҷониба аст. Барои он ки муколама пурра бошад, бояд сухани Толибонро шунид. Ба онҳо имкони гуфтугӯ дод ва ба муколамаҳои байналмилалӣ ҷалб кард. Фақат баъди ин мумкин мешавад, ки гуфтугӯи бомазмун сурат гирад, ки оё мо ба чизе мувофиқ ҳастем ё на."
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”