27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
04.06.2025 10:01

Ҷузъиёти нав. Амрико дар пешниҳоди нави созиш ба Эрон иҷоза додааст, ки ғанисозии уран дошта бошад

Расонаҳои ғарбӣ ҷузъиёти пешниҳодҳои атомии Амрико ба Эронро фош карданд. Ба навиштаи онҳо, дар ин бастаи пешниҳод Амрико ба Эрон ҳаққи ғанисозии маҳдуд дар сатҳи пойинро иҷозат додааст.

Ин ҷузъиёт дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки қаблан Стив Уиткофф, намояндаи хоси Трамп ва Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфта буданд, ки ба Эрон ҳаққи ғанисозии уранро нахоҳанд дод ва Эрон бояд тамоми инфрасохтори атомияшро барчинад.  Фош шудани ҷузъиёти нави музокироти Амрико ва Эрон нишон медиҳад, ки Амрико дар ин масъала сиёсати ягона надорад.

Эрон ҳамеша таъкид кардааст, ки ҳеч созишномаеро, ки ҳаққи ғанисозии уранро аз Эрон бигирад, қабул нахоҳад кард. Ғанисозии уран хати сурхи Эрон дар музокироти атомӣ бо Амрико эълон шудааст. Расонаҳо навиштанд, ки ҳукумати Трамп хавфи муттаҳидонаш дар Конгресс ва Исроилро дар назар гирифтааст. Сарвазири Исроил ва даҳҳо сенатори ҷумҳурихоҳ аз Трамп талаб доранд, ки дар музокирот бо Эрон қотеъ бошанд ва барномаи ғанисозии уран дар Эрон комилан барҳам дода шавад.

“Президент Трамп возеҳ баён кардааст, ки Эрон набояд ҳеч гоҳ соҳиби бомбаи атомӣ гардад. Намояндаи махсус Уиткофф пешниҳоди муфассал ва қобили қабулро ба ҳукумати Эрон фиристода, гуфтааст, ки ба манфиати Эрон аст, ки онро қабул кунад. Ба хотири эҳтиром ба раванди гуфтугӯҳо маъмурият дар бораи ҷузъиёти созишнома ба ВАО шарҳ намедиҳад”- зикр кард котиби матбуотӣ Каролин Левитт.

Пешниҳоди Стив Уиткофф ба Эрон рӯзи шанбе ироа шуд ва дар он “ғояҳои ибтидоӣ” марҳилаи созишномаи атомӣ тавсиф мешавад. Бар асоси ин пешниҳод Эрон иҷозати бунёди корхонаҳои нави ғанисозиро нахоҳад дошт, бояд инфрасохтори  муҳимми табдил ва коркарди уранро барҳам диҳад ва тамоми таҳқиқоти нав ва зиёд кардани стрифугаҳоро қатъ кунад.

Дар созишномаи пешниҳодӣ ба масъалаи ташкили консорсиуми минтақавии ғанисозии уран ишора шудааст, ки шартҳои зеринро фаро мегирад:

- Эрон набояд иқтидори ғанисозии дохилиро берун аз ҳадафҳои ғайринизомӣ рушд диҳад;

- Пас аз имзои созиш Эрон муваққатан сатҳи ғанисозии уранро то 3% коҳиш хоҳад дод ва ин муҳлат дар гуфтугӯҳо мушаххас мешавад;

- Фаъолияти ғанисозӣ дар иншооти рӯизаминӣ муваққатан фақат ба сатҳи зарурӣ барои тавлиди сӯхти реактори атомӣ маҳдуд мешавад;

- Дар доираи созиш системаи қавии назорат ва санҷиш таъсис дода мешавад, аз ҷумла қабули фаврии протоколи  иловагии IAEA;

- Коҳиши таҳримҳо фақат баъди он амалӣ мешавад, ки Эрон “нияти воқеии худ” –ро нисбат ба ИМА ва IAEA нишон диҳад.

Масъалаи лағви таҳримҳои зидди Эрон дар ин бастаи пешниҳодии Стив Уиткофф дар ҳоле матраҳ мешавад, чанде қабл Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки Амрико то ҳанӯз дар бораи шеваи бардоштани таҳримҳо кафолати кофӣ надодааст. Ӯ гуфт, ки Эрон пешниҳодҳои нави Амрикоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.