Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Даҳҳо шаҳрванди Ӯзбекистон дар майдони ҳавоии Шарҷа боздошт шудаанд
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар нашр шуд, ки даҳҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон дар майдони ҳавоии Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт ва мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтанд.
Бар асоси гуфтаи шоҳидон дар фурудгоҳи Шарҷа шиносномаҳои шаҳрвандони Ӯзбекистонро гирифтаанд ва онҳоро бе далел дар терминал нигоҳ медоранд. Шерзод Раҷабов як шаҳрванди Ӯзбекистон дар суҳбат гуфтааст, “Моро аз фурудгоҳи Шарҷа берун баромадан намемонанд. Ҳоло панҷ соат шуд, ки интизор ҳастем. Ба суолҳои мо мегӯянд, ки фақат “интизор шавед”. Мо тақрибан сад нафар ҳастем. Сабаби боздошт маълум нест. Агар медонистем, намеомадем. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳое, ки шиносномаи ӯзбекистонӣ доранд, гирифтаанд”.
Ҳанӯз вокуниши расмӣ дар хусуси боздошти гурӯҳи шаҳрвандони Ӯзбекистон нашр нашудааст. Сафорати Ӯзбекистон дар Абу-Дабӣ ва консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Дубай гуфтаанд, ки бо мақомоти АМА тамоси фаврӣ анҷом додаанд, то ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ӯзбекистонро ҳимоя кунанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мақомоти АМА гуфтаанд, ки сабаби ин рафтор пуршиддат кардани чораҳои амниятӣ дар робита ба баргузории як қатор ҳамоишҳои байналмилал дар кишвар аст. Ин тадбирҳо боиси тӯл кашидани раванди санҷиш ва тафтиш дар фурудгоҳҳо шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”