Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазири тандурустӣ дар Рашту Тоҷикобод ба корҳои сохтмонии муассисаҳо шинос шуд
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дирӯз, 3-юми июн Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо мақсади шинос шудан аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ дар минтақаҳои зарардида аз заминларза ба ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод сафари корӣ анҷом дод.
Манбаъ меафзояд, ки Ҷамолиддин Абдуллозода зимни шиносоӣ ба ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти навбунёди тандурустӣ дар ноҳияи Рашт таваҷҷуҳи масъулин ва сохтмончиёнро ба масъалаи дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ҷалб намуд.
Вақти боздиди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ноҳияи Тоҷикобод, иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои навбунёди тандурустии ноҳия бо ҷалби соҳибкорон ба роҳ монда шуда, айни ҳол бомаром идома доранд.
Инчунин, ба масъалаи таъмини муассисаҳои навбунёди тандурустӣ бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”