27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
04.06.2025 07:55

Ин навбат зидди фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Чандест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Инстаграм навори кӯтоҳе чарх мезанад, ки як фаъоли ин шабака бо номи Фаррух Алимов дар миёни мардум бо алфози қабеҳ касеро дашному таҳдиди задан мекунад. Дар ин росто, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ӯ ва гумонбари дигар хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино Алимов Фаррух ва Ҳалимов Акбарро дастгир намуданд.

Зикр мегардад, ки онҳо 21-уми майи соли ҷорӣ, дар боғи «Умари Хайём» бо ҳамдигар муноқиша намуда, якдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд. Ҳамзамон ба эроди шаҳрвандон беэътиноӣ намуда, бо садои баланду алфози қабеҳ оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.

Ба навиштаи РВКД дар шаҳри Душанбе нисбат ба ҳар ду бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ёдовар мешавем, бори аввал нест, ки мақомоти интизомӣ фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Алимов Фаррухро дастгир мекунанд, балки пеш аз ин чанд маротиба барои дағалгуфторӣ дар интернет ба ӯ ҷазои маъмурӣ роҳандозӣ карда шуда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.