Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сохтмони Чойхонаи миллӣ. Президенти кишвар ва шаҳрдори Душанбе ба он шинос шуданд
Субҳи имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонии Чойхонаи миллӣ шинос шуданд.
Гуфта мешавад, ки сохтмони Чойхонаи миллӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Сино соли 2024 оғоз ёфта, тибқи нақша моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом расонда мешавад.
Маълумот дода шуд, ки то имрӯз 80 фоизи корҳо, аз ҷумла бунёди бинои асосӣ ва хобондани конструксияҳои оҳанӣ дар қисми болои иншоот ба итмом расидааст.
Зикр мегардад, ки чойхонаи мазкур сеошёна буда, аз толорҳои кушоду барҳавои гаҷкорӣ, кандакорӣ, айвони болокушодаи замонавӣ ва 5 толори дигари қабули меҳмонони хос иборат мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ин иншооти фарҳангиву хизматрасонӣ, ки бо санъати баланди меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ сохта мешавад, интизор меравад дар як шабонарӯз барои қабули 5000 мизоҷ шароити мусоид муҳайё гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”