Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Аввалин нишасти вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мегардад
Рӯзи 4-уми июн дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нишасти ёздаҳуми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои узв ва аввалин мулоқоти машваратии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Вазирони саноат аз кишварҳои Арманистон, Беларусия, Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ғайра дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.
Дар нишасти Шурои сиёсати саноатии кишварҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин, иштироки роҳбарони панҷ муассисаи олии таълимӣ, ташкилотҳои асосии кишварҳои иттиҳод оид ба омодасозӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи ихтисоси кадрҳо дар бахшҳои мухталифи саноат пешибинӣ шудааст.
Нишасти мазкур таҳти раёсати Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”