27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
03.06.2025 09:59

Кит Келлог гуфт ҷанги Украина бо роҳи сулҳомез поён меёбад

Кит Келлог, фиристодаи махсуси президенти Амрико дар умури Украина гуфт, ки Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар мавриди он ки НАТО ҷангро бар зидди Русия роҳандозӣ кардааст, комилан ҳақ дорад.

“Путин бовар дорад, ки вазъият дар Украина воқеан ҷанги бо восита миёни НАТО ва Русия аст ва ростӣ, то ҳадде ҳамин тавр аст. Манзур он аст, ки фақат нигоҳ кунед, он чи кишварҳои аврупоӣ дар ҳимоят аз Киев анҷом додаанд. Путин, бешак, инро рӯшан мебинад”- гуфт Клит Клаг.

Клит Клаг дар хусуси эҳтимоли тасмими Олмон барои ирсоли мушакҳои крузи “Таурус” ба Украина гуфт, ки чунин иқдомҳо аз сӯйи кишварҳои аврупоӣ фақат мавқеи Маскавро дар ин замина тасдиқ мекунад.

Ӯ бо ишора ба раванди музокироти Русия ва Украина гуфт, ИМА ҳанӯз пешниҳоди расмии Русия роҷеъ ба ёддошти тафоҳумро дарёфт накардааст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, баъд аз тамос бо мақомоти аврупоӣ дар Лондон ҳуҷҷате иборат аз 22 банд таҳия шудааст, ки дар он оташбас дар ҳаво, замин ва баҳр пешбинӣ шудааст, вале ҳеч яке аз тарафҳо аз он пурра қаноатманд нестанд.

Дар аввали моҳи март Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА иқрор карда буд, ки низоъ дар Украина дар асл як ҷанги бо восита миёни ду қударати атомист ва ин муноқиша бояд ҳар чи зуд поён ёбад. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл бо ин изҳорот розӣ шуда гуфта буд, ки низоъ дар Украина ҷанг миёни Русия ва Ғарб бо сарварии Амрико аст.

Дар моҳи ноябри соли 2024 Владимир Путин дар нишасти сарони Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ гуфта буд, ки истифодаи силоҳҳои дурпарвози ғарбӣ бар зидди қаламрави Русия баробар бо ширкат намудани мустақими НАТО дар ҷанг хоҳад буд.

Клит Клаг ҳамчунин, изҳор дошт, ки бовар дорад ҷанги Украина ба шеваи осоишта хотима меёбад. Ӯ ба суоли барандаи барнома дар хусуси поёни сулҳомези ҷанги Украина гуфт: “Бале, ман воқеан чунин ақида дорам ва умедворам ин ҷанг ҳар чӣ зудтар ба поён расад ва агар касе битавонад онро анҷом диҳад, он шахс Доналд Трамп хоҳад буд”. Ӯ афзуд, ки ҳама “бо ҷиддияти комил” барои ҳалли буҳрони Украина кӯшиш доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.