Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Як роҳбари турки ДОИШ дар марзи Покистону Афғонистон боздошт шуд
Дар натиҷаи амалиёти муштараки дақиқ ва мушаххаси ниҳодҳои амниятии Туркия ва Покистон як саркардаи гурӯҳи террористии ДОИШ, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар минтақаи марзии Покистону Афғонистон боздошт гардид.
Бар асоси гузориши расонаҳои туркӣ рӯзи якшанбе манобеи амниятии Туркия хабар доданд, ки Узгур Алтун, бо номи мустаори Абуяссир ат-Туркӣ дар ҷараёни амалиёти муштараки Хадамоти иттилоотии Туркия ва Хадамоти иттилоотии Покистон боздошт шуд.
Тибқи иттилоъ мақомоти амниятии Туркия ба Хадамоти иттилоотии Покистон иттилоъ медиҳанд, ки Узгур Алтун дар Афғонистон қарор дорад ва ба Покистон мегузарад. Дар натиҷаи табодули иттилооти дақиқ мақомоти амниятии Покистон муваффақ мешаванд, ки ӯро боздошт кунанд.
Узгур Алтун яке аз мақомоти баландпояи узви туркии ДОИШ буда, нақши бисёр калидӣ дар мудирияти шабакаҳои расонаӣ ва логистикии ин гурӯҳи террористиро иҷро мекунад. Хадамоти иттилоотии Туркия фаъолияти ӯро пайгирӣ карда, маълум кард, ки ӯ ҳаракати ҷангҷӯёни ДОИШ-ро ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба минтақаи Покистон ва Афғонистон ҳамоҳанг менамуд.
Гурӯҳи террористии ДОИШ аз сӯйи кишварҳои қудратманди ҷаҳон саркӯб шуд. Маркази ин гурӯҳ дар Сурия комилан маҳв шудааст ва фаъолияти он мисли қабл вуҷуд надорад. Вале ин гурӯҳ дар гӯшаву канори ҷаҳон амалиётҳои террористӣ анҷом медиҳад ва ҳанӯз хатари ҷиддии он боқӣ мондааст. Дар моҳи марти сол 2024 ин гурӯҳи террористӣ дар қаламрави Русия дар толори консертӣ амалиёти террористӣ анҷом дод, ки дар натиҷаи он 143 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин, ин гурӯҳи террористӣ масъулияти ду амали террористиро дар Эрон бар уҳда гирифт, ки дар он амали террористӣ наздик ба 100 нафар кушта шуданд.
Бар асоси гузориши ниҳодҳои амниятии кишварҳои хориҷӣ ДОИШ дар Афғонистон дар пайи эҷоди марказҳои омӯзишӣ буда, аз хориҷ неру ҷазб мекунад. Чанде қабл чанд шаҳрванди Озарбойҷон, ки узви гурӯҳи ДОИШ буданд, дар марз бо Афғонистон боздошт шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”