Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Ҳиндустон бостоншиносон дар зодгоҳи Нарендра Модӣ секлети як тоҷикро кашф кардаанд
Археологҳои ҳиндӣ дар минтақаи Ваднагар – зодгоҳи сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ устухонҳои ҷасадеро пайдо кардаанд, ки аз рӯйи ДНК тоҷик аст.
Тибқи натиҷаи санҷиши ахири ДНК-и устухонҳои ёфтшуда маълум шуд, ки шахсе дар асрҳои миёна бо решаҳои генетикии тоҷикӣ дар Ҳиндустон зиндагӣ мекардааст. Ин кашфиёти бостоншиносӣ нишондиҳандаи робитаҳои фарҳангӣ ва муҳоҷирати Осиёи Миёна бо Ҳиндустон мебошад.
Рӯзномаи “The Times of India” менависад, ки таҳлили генетикии як секлети мард дар Ваднагари Ҳиндустон нишон медиҳад, ки ин шахс на сокини бумӣ, балки эҳтимолан аз минтақаи ҳозираи Тоҷикистон ё Осиёи Марказӣ буда, ба Ҳиндустон рафтааст.
Пажӯҳиши археологӣ аз сӯйи “Council of Scientific and Industrial Research” (CSIR) ва “Birbal Sahni Institute of Palaeosciences” (Lucknow) бо истифода аз техникаи муосири ДНК-и копияи атиқа анҷом дода шудааст. Ҷасад ё секлет аз қабристони қадимии Ваднагар пайдо шуда, ба асрҳои XI–XII тааллуқ дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”