27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
02.06.2025 11:50

Сергей Лавров аз бозгашти дубораи НАТО ба Афғонистон ҳушдор дод

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар бораи бозгашти дубораи НАТО ба Афғонистон ҳушдор дода, гуфт, ки созмони мазкур баъди чор соли хуруҷи таҳқиромез мехоҳад дубора ба ин кишвар баргардад. 

Вазири корҳои хориҷии Русия дар шаҳри Перми Русия дар бораи кӯшишҳои бозгашти НАТО ва Амрико хабар дод, аммо шеваи чигунагии бозгашти созмони мазкурро ба тафсил нагуфт.

Ин бори аввал нест, ки Сергей Лавров аз бозгашти НАТО ва Амрико ба Афғонистон ҳушдор медиҳад. Ӯ қабл аз ин низ аз “робитаҳои шубҳабарангез”-и кишварҳои ғарбӣ бо Толибон интиқод намуда, нисбати ниятҳои пинҳонии онҳо изҳори нигаронӣ карда буд.

Сергей Лавров бидуни шарҳи ҷузъиёт ҳар гуна таъсис додани пойгоҳҳои нави Амрико ва НАТО-ро дар Афғонистон маҳкум кард.

“Мо шоҳиди талошҳои фаъолонаи Ғарб барои бозгашт ба саҳнаи Афғонистонем, саҳнае, ки баъди ба сари қудрат омадани Толибон онро тарк карда буданд. Мо бо ҳузури одилона ва шаффофи кишварҳои ғарбӣ мушкил надорем, аммо ҳар гуна барномаҳои пинҳонӣ ва низомигароӣ қобили қабул нест”- гуфт Сергей Лавров.

Бозагашти дубораи Амрико ва НАТО тайи як соли охир аз забони баъзе аз мақомоти амрикоӣ низ садо медиҳад. Доналд Трамп чанд маротиба аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон интиқод карда, таассуф хӯрда буд, ки кишвараш бояд пойгоҳи низомии Багромро ҳифз мекард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.