Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки клуби тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва Италия таъсис дода шавад
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нишасти Осиёи Марказӣ ва Италия пешниҳод кард, ки платформаи доимии гуфтугӯи тиҷоратии “Клуби тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва Италия” таъсис дода шавад.
Президенти Ӯзбекистон афзуд, ки ин иқдом ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва густариши шарикӣ дар миёни соҳибкорони минтақа ва Италия мусоидат мекунад.
“Бо назардошти мавқеи мустаҳками анъанавии ҷомеаи соҳибкорони Италия дар рушди инноватсионии кишвар, ман пешниҳод мекунам, ки як майдони доимии гуфтугӯи тиҷоратӣ “Кулуби тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва Италия” таъсис дода шавад.
Нишасту мулоқотҳо бо иштироки васеи соҳибкорон метавонад ҳамасола дар пойтахтҳои мо доир шавад ва имкониятҳои нав барои ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузориро фароҳам кунад.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ метавонанд соҳаҳои коркард бошанд, аз ҷумла коркарди захираҳои маъдан ва ашёи хоми кишоварзӣ, соҳаҳои электротехникӣ, кимиё, нассоҷӣ, истеҳсоли гӯшту пашм, саноати хӯрокворӣ, ҳамчунин, маҳаллисозии истеҳсоли қисмҳои нақлиётӣ ва молҳои саноатӣ, таъсиси марказҳои тарроҳӣ бо ширкатҳои брендҳои пешсафи италиявӣ” – гуфт президенти Ӯзбекистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”