Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои италиявиро ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Саммити сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Италия, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни нишасти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Италия дурнамои рушди ҳамкориҳо баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба аҳамияти рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, захираҳои об, тандурустӣ, кишоварзӣ, имл ва маориф таъкид намуданд.
Роҳбари кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дорои иқтисоди бузург дар бахшҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъдан ва канданиҳои фоиданок, ҳамчунин, дорои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои сармоягузорони италиявӣ даъват карданд, ки дар истихроҷ ва канданиҳои фоиданоки захираҳои табиии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, дар бахшҳои саноатӣ ва кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои пешрафта сармоягузорӣ намоянд.
Сарвари давлат ба лоиҳаҳои муваффақи мавҷуда дар саноати сабук, аз ҷумла корхонаҳои муштараки нассоҷӣ бо сармояи италиявӣ ишора карданд.
Пешниҳод гардид, ки Фонди муштараки сармоягузории Осиёи Марказӣ бо ҷалби Агентии содироту қарзии Италия ва ширкатҳои пешрафтаи италиявӣ таъсис дода шавад. Ин фонд бояд ба рушди инфрасохтори минтақавӣ ва шабакаҳои нақлиётӣ мусоидат намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”