Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазирони дифои кишварҳои узви СААД нақшаи ҳамкориҳои низомии солҳои 2026-2030 –ро тасдиқ намуданд
Вазирони дифои кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ дар нишасти Шурои роҳбарони ниҳодҳои дифоии кишварҳои узв, ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, нақшаи ҳамкориҳои низомӣ барои солҳои 2026 -2030 –ро тасдиқ намуданд. Дар ин хусус расонаҳои қирғизистонӣ хабар медиҳанд.
“Дар ҷараёни ҷаласаи Шурои вазирони дифои СААД “Нақшаи рушди ҳамкориҳои низомии давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ барои солҳои 2026-2030” баррасӣ ва тасдиқ гардид” – зикр шудааст дар изҳорот.
Андрей Белоусов, вазири дифои Федератсияи Русия дар ҷаласаи Шурои вазирони дифои СААД, ки рӯзи 28 –уми май дар Бишкек баргузор гардид, вазъияти амниятии минтақаро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилоъ дар ин ҷасала вазирони мудофиа фаъолияти неруҳои дастаҷамъии Созмонро баррасӣ карданд. Ин неруҳо бояд ба таври самаранок ба таҳдиду проблемаҳои муосири амниятӣ ва низомӣ дар қаламрави СААД муқобила кунанд. Ҳамчунин, масъалаҳои омодагии ҷангӣ ва омӯзиши неруҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Вазири дифои Қирғизистон Руслан Мукамбетов дар ин нишаст, гуфт, ки натиҷаҳои ҷаласаи навбатӣ бори дигар якдилии назарҳо ва равишҳои принсипиалии ҷонибҳоро дар масъалаҳои таҳкими амнияти дастаҷамъии Созмон, тақвият ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои низомии кишварҳои узв, тақвияти низоми идоракунӣ, омодасозии муштараки сохторҳо ва воситаи амнияти дастаҷамъӣ тасдиқ намуданд.
Дар кори ҷаласаи Шурои вазирони дифои СААД, ки зери раёсати вазири мудофиаи Қирғизистон доир гашт, дабири кулли СААД Имангали Тасмагамбетов, вазири дифои Русия Андрей Белоусов, роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои дифои Беларус, Қазоқистон ва Тоҷикистон, ҳамчунин, намояндагони Секретариати СААД ва ситоди ягонаи он ширкат намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”