Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бори аввал. “ПСЖ” қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шуд
1-уми июн дар варзишгоҳи “Алянс-Арена”-и шаҳри Мюнхени Олмон даври ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни бошгоҳҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Интер”-и Италия доир шуд, ки бо ҳисоби калони 5 бар 1 дастаи парижӣ ғолиб шуд.
Унвони қаҳрамонӣ дар Лигаи Чемпионҳо барои дастаи “ПСЖ”-и Фаронса хеле муҳим буд, зеро онҳо аввалин маротиба ба ин ҷоиза ноил гардиданд.
Пас аз анҷоми бозӣ Луис Энрики, сармураббии бошгоҳи “ПСЖ” чунин гуфт: “Мо аз аввали мавсим маҳз бо мақсади ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ кӯшиш кардем ва имрӯз ба он расидем”.
Финали имсолаи Лигаи Чемпионҳо, маъруфтарин мусобиқаи аврупоиро бисёриҳо дилгиркунанда хонданд, зеро дар майдон қариб, ки рақобати ҷиддӣ дида нашуд. Коршиносон аз дастаи “Интер”-и Италия бозии беҳтар ва ҳуҷумиро интизор буданд. Дар майдон ба мисле, ки як даста ҳунарнамоӣ мекард ва ҳеҷ шонсе ба дастаи ҳариф намедод.
Дар дидори мазкур голҳоро Ашраф Ҳакимӣ (дақиқаи 12-ум), Дезире Дуэ (дақиқаҳои 20-ум ва 63-юм), Хвича Кваратсхелия (дақиқаи 73-юм) ва Сенни Маюлу (дақиқаи 86-ум) ба самар расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола бошгоҳи “ПСЖ” ба ҷуз қаҳрамонӣ дар Лигаи чемпионҳо, ғолиби Лигаи 1, Ҷоми Фаронса ва Суперҷоми Фаронса низ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”