Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Чаро Абдуқодир Ҳусановро дар майдон хеле кам мебинем?
Маълум шуд, ки чаро Абдуқодир Ҳусанов, футболбози ӯзбек дар ҳайати бошгоҳи “Манчестер Сити” хеле кам ба майдон мебарояд, дар ҳоле, ки ӯ яке аз бозингарони ояндадори даста маҳсуб меёфт.
Тибқи маълумоти дастрас, мувофиқи шартҳое, ки гузариши Абдуқодир Ҳусанов аз “Ланс” ба “Манчестер Сити” доир шуд, агар футболбоз дар мавсими аввал дар беш аз даҳ бозӣ иштирок кунад, бояд бошгоҳи нав ба дастаи қаблиаш 5 миллион евро ҳамчун иловапулӣ пардохт намояд.
Гуфта мешавад, ки маҳз ҳамин пардохти иловагӣ сабаб мешавад, ки ӯ ба майдон кам барояд.
Ёдовар мешавем, ки Абдуқодир Ҳусанов моҳи январи соли ҷорӣ аз бошгоҳи фаронсавии “Ланс” ба яке аз беҳтарин дастаҳои Англия “Манчестер Сити” гузариш кард. Он замон расонаҳои варзишӣ ҳамарӯза дар бораи бозии хубаш менавиштанд, вале яку якбора вақти бозиаш маҳдуд шуд ва ҳатто чанд бозӣ пайи ҳам дар майдон дида намешавад.
Ҳамчунин, хабарҳо ҳастанд, ки бошгоҳи “Манчестер Сити” футболбози ӯзбекро ба ягон дастаи дигар ё иҷора медиҳад ва ё пурра мефурӯшад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”