Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қосим Ҷомарт Тоқаев: Қазоқистон ният надорад узви БРИКС шавад
Президенти Қазоқистон афзуд, ки масъала вобаста ба “самаранокии узвияти комил” буда, БРИКС “на оиннома дорад, на котибот ва на барномаҳои мушаххас”.
“Биёед, бинем, ки БРИКС ҳамчун як ташкилоти байналмилалӣ то куҷо муассир хоҳад буд. Айни ҳол Қазоқистон ба ҳайси нозир боқӣ мемонад ва минбаъд вақт нишон медиҳад”, - афзуд Тоқаев.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи октябри соли 2024 Берик Уалӣ, мушовири президент гуфта буд, Қазоқистон пешниҳоди шомил шудан ба БРИКС-ро дода буд, аммо Тоқаев аз иқдоми узвият худдорӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, муфид будани узвият дар БРИКС ба манфиатҳои миллӣ вобаста аст ва СММ ҳамчун як ниҳоди ҷаҳонии беалтернатива афзалият медиҳад, ки дар он метавон ҳама масъалаҳои байналмилалиро ҳал кард.
Қазоқистон аз 1-уми январ мақоми шарики БРИКС-ро гирифтааст. Ин созмон соли 2006 таъсис ёфт ва дар ҳоли ҳозир Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Амриқои Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Миср, Эфиопия ва Индонезия аъзои он мебошанд.
Аз моҳи феврали соли ҷорӣ БРИКС раванди қабули аъзои навро боз доштааст, ки ин тасмим бо “мушкилоти институтсионалӣ” дар пайи зиёд шудани шумораи кишварҳои узв гирифта шудааст.
Ин изҳори назари президенти Қазоқистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Доналд Трамп, президенти Амрико таҳдид кард, кишварҳои узви БРИКС-ро ба сабаби эҷоди асъори нав ва дур шудан аз доллар бо боҷи 100 фоиза муҷозот хоҳад кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”