27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
31.05.2025 20:15

Толибон бозиҳои компютерӣ ва футболи дастиро манъ мекунанд

Раёсати амр ба маъруфи гуруҳи террористии Толибон дар идомаи маҳдудиятҳо бо содир кардани як қарор бозиҳои компютерӣ ва футболи дастиро манъ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки мақомоти ниҳоди амр ба маъруфи Толибон дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх ва вилояти Дойкундӣ даҳҳо марказҳои бозиҳои компютерӣ ва марказҳои бозиҳои футболи дастиро бастаанд.

Мақомоти гуруҳи террористии Толибон сабаби ин қароррро “мухолифат бо шариати исломӣ” хонда, гуфтаанд, ки “Фигураҳои футболбозии дастӣ ба бут монанданд ва азбаски бутпарастӣ дар Ислом ҳаром аст, ин бозӣ низ аз нигоҳи шаръӣ ҳаром мебошад”.

Онҳо пешниҳод кардаанд, ки агар сари фигураҳои бозӣ бурида шавад, он вақт ба бозиии футболбозии дастӣ иҷозат медиҳанд. Футболбозии дастӣ яке аз бозиҳои шавқовари компютерист, ки дар марказҳои компютерӣ ба ҷавонон пешниҳод мешавад.

Тайи моҳҳои ахир Толибон қарорҳои маҳдудкунандаи бештар содир мекунанд. Ҳафтаи гузашта онҳо гирифтани мӯйи сари ҷавонон бо усули ғарбӣ ва пӯшидани кастюму шим ва бастани галстукро манъ карда буданд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.