27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
31.05.2025 13:21

Қазоқистон ба ширкатҳои италиявӣ шароити коркарди маъданҳои камёбро фароҳам мекунад

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Италия гуфт, ки кишвараш омодаааст шароити мусоидро барои ширкатҳои италиявӣ дар заминаи ҷустуҷӯ ва коркарди маъданҳои нодири зеризаминӣ фароҳам кунад.

“Мо  омода ҳастем барои ширкатҳои италиявӣ шароити мусоид барои ҳамкорӣ дар ҷустуҷӯи геологӣ ва истихроҷи маъданҳои нодири зеризаминӣ ва минералҳо пешниҳод кунем, бо истифода аз формулаи “сармоягузорӣ ва технология дар иваз барои ашёи хоми стратегӣ”, – гуфт Қосим Ҷормат Тоқаев.

Президенти Қазоқистон ҳамчунин пешниҳод кард, ки маркази минтақавии таҳқиқотӣ таъсис дода шавад, ки ҳамаи иттилооти марбут ба маъданҳои нодири зеризаминӣ дар Осиёи Марказиро ҷамъоварӣ кунад.

Бинобар гуфтаи мақомоти Қазоқистон дар моҳи апрели соли равон дар қисмати марказии шаҳр харитаи бузурги маъданҳои нодири зеризаминӣ кашф шудааст, ки захираи умумии он беш аз 20 миллион тонна мебошад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.