Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳушдор: Борони пуршиддат ва хатари омадани сел пешгӯӣ мешавад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 31-уми май то 2-юми июни соли ҷорӣ бо сабаби боридани борони пуршиддат дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Таъкид карда мешавад, ки дар рӯзҳои ишорашуда сокинон бояд каналҳо, ҷӯйборҳо, селроҳаҳои назди хонаҳои худро сари вақт аз ҳар гуна селовардаҳо, баргҳои хазон, регу шағал тоза кунанд, то оби зиёд ба маҷрои худ ҷорӣ шавад ва сабаби ворид шудан ба ҳавливу қитъаҳои наздиҳавлигӣ нагардад.
Ҳамчунин, аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки дар рӯзҳои сербориш ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракатро боло набаранд. Фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд ва сабаби садама нагарданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”