27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
30.05.2025 14:33

Ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд бо корҳои сохтмонӣ дар Роғун шинос шуд

Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряҳо Ингминг Янг, ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд аз неругоҳи барқи обии Роғун боздид намуд. Ин боздид бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва баррасии рушди имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика сурат гирифт.

Дар ҷараёни боздид Ингминг Янг бо масъулони лоиҳа суҳбат намуда, аз пешрафти корҳои сохтмонӣ ва нақшаи ояндаи сохтмон ошно шуд. Ӯ таъкид кард, ки Бонки Осиёии Рушд омода аст дар амалӣ сохтани лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳи барқи обии Роғун бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Неругоҳи Роғун, ки дар дарёи Вахш бунёд мешавад, бо баландии 335 метр, баъди пурра ба фаъолият оғоз намудан, яке аз баландтарин обанбор дар сатҳи ҷаҳон хоҳад буд. Қувваи умумии он 3600 МВТ пешбинӣ шудааст, ки барои таъмини ниёзҳои энергетикии Тоҷикистон ва минтақа аҳамияти калон дорад.

Бар асоси иттилои расмӣ Бонки Осиёии Рушд дар тӯли ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон беш аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ барои амалӣ намудани 190 лоиҳа сармоягузорӣ намудааст. Лоиҳаҳои асосии сомоягузорӣ намудани бонки мазкур асосан дар соҳаи маориф, тандурустӣ, энергетика ва нақлиёт роҳандозӣ шудаанд.

Боздиди ноиби президенти бонки зикршуда Роғунро қадами устувор дар самти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои муътабари байналмилалӣ донист.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.