27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
30.05.2025 10:09

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноатии Тоҷикистон дар доираи конфронси ҳифзи пиряхҳо

Тибқи иттилоъ, ҳадафи асосии баргузор шудани намоишгоҳи мазкур муаррифии иқтидори саноатии кишвар, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои шарик ва ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ба имкониятҳои содиротии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин, иқдоми мазкур дар доираи амалисозии Ҳадафи чоруми стратегияи миллии рушд, саноатикунонии босуръати кишвар сурат мегирад ва барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ хеле муҳим мебошад.

Дар намоишгоҳ беш аз 100 корхонаи истеҳсолии ватанӣ иштирок намуда, маҳсулоти мухталифи соҳаи саноати мошинсозӣ, химия, маъдан, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, технологияҳои иттилоотӣ, масолеҳи сохтмон, ангишт ва энергетикӣ намоиш дода мешаванд. Дар намоиши мазкур воситаҳои нақлиёти мусофиркашӣ, боркаш, ҳарбӣ-муҳофизатӣ ва техникаи кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон тарроҳӣ ва истеҳсол шудаанд, ба номиш гузошта шуданд.

Масъулони соҳи саноати Тоҷикистон таъкид намуданд, баргузор шудани чунин чорабиниҳо имконият фароҳам мекунад, ки миёни кишварҳои ватанӣ ва шарикони хориҷӣ робитаҳои нав барқарор шуда, лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ бо ҷалби технологияҳои муосир роҳандозӣ шаванд.

Намоишгоҳ ҳамчунин, ба меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва молиявӣ, бахши хусусӣ ва иштирокчиёни Конфронси ҳифзи пиряхҳо имкон фароҳам овард, ки бо рушди саноати Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.