Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Муовини президенти Эрон дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода: “Муносибатҳои сиёсӣ дар беҳтарин шароит қарор доранд”
Муҳаммадризо Ориф, муовини президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба хотири ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳифзи пиряхҳо ба Тоҷикистон омад, дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои густариши робитаҳои иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҷараёни мулоқот Қоҳир Расулзода зикр кард, ки равуои дипломатӣ ва нишасти сарони ду кишвар нақши муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба доранд ва ин барои рушди муносибатҳо муҳим аст.
“Итминон дорем, ки созишномаҳои бадастомада миёни Эрон ва Тоҷикистон нақши муҳимме дар густариши равобит дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тандурустӣ ва илму технология хоҳанд дошт. Комиссияҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамчунин, кумитаҳои марбута дар таҳкими робитаҳо миёни ду кишвар нақши муҳим доранд” – гуфт Қоҳир Расулзода.
Қоҳир Расулзода бо ишора ба созишномаҳои имзошуда ва табодули бархе санадҳои ёддошти тафоҳум афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшишҳои муштарак барои иҷрои барномаҳои дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ то соли 2030 ва нақши роҳ барои он афзалият медиҳад.
Муҳаммадризо Ориф дар мулоқот бо ишора ба ин ки робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон дар беҳтарин шароит қарор дорад, гуфт: “Мавқеъгирии ду кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин, ҳамкориҳо дар созмонҳои минтақавӣ нишонаи рушди муносибатҳо аст”.
Муовини президенти Эрон афзуд, ки гуфтугӯи дуҷониба дар фазои самимӣ, дӯстона ва бо ҳадафгузории муштарак баргузор шуд. Ӯ гуфт, ки набояд ба имзо ва табодули санадҳо иктифо кунем, балки барои амалӣ шудани санадҳо кӯшиш кунем. Вазифаи татбиқи санадҳо, қабл аз ҳама ба дӯши комиссияи муштараки ҳукуматӣ аст ва барои иҷрои он бояд талош сурат бигирад.
“Мо ба ин боварем, ки заминаҳои илмӣ ва саноатӣ вуҷуд доранд, бояд ҷиддан мавриди баррасӣ ва машварат қарор гиранд, то шеваи ҳамкорӣ дар ин заминаҳо мушаххас гардад. Ин вазифа, қабл аз ҳама, бар дӯши комиссияи муштарак ва сипас ба уҳдаи вазирону масъулин аст”- афзуд Муҳаммадризо Ориф.
Муовини президенти Эрон афзуд, масъулони ду кишвар бо сафар ва табодули ҳайатҳо талош кунанд, то шинохти бештар аз имконот ва ниёзҳои якдигар ба даст оваранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”