Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тоҷикистон дарвозаи ҳамкориро ба рӯи ширкатҳои зеҳни сунъии Амрико ва АМА боз мекунад
Мақомоти Тоҷикистон нахустин бор барои ба вуҷуд овардани инфрасохтори зеҳни сунъӣ бо ширкатҳои маъруфи Амрико ва Аморати Муттаҳидаи Араб гуфтугӯ намудаанд.
Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои «Scale AI»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб масоили ҳамкорӣ дар самти зеҳни сунъӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Тибқи маълумотҳо, ширкати «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб соли 2020 дар Абузабӣ таъсис шуда, зерсохти холдинги технологии G42 мебошад ва сармояи он ба 3, 7 миллиард доллар мерасад. Маҳсулоти асосии ширкати «Presight» платформаи TAQ мебошад. Он дар самти хизматрасониҳои давлатӣ, молия, варзиш, хизматрасониҳои коммуналӣ, иқлим ва маориф ба шакли васеъ истифода мешавад.
Ширкати «Scale AI» бошад соли 2016 дар шаҳри Сан-Франсискои Калифорния ташкил шуда, сармояи он беш аз 25 миллиард доллар аст. Ин ширкат ба таҳлилу муаррифии иттилоот барои омӯзиши моделҳои зеҳни сунъӣ машғул аст. «Scale AI» бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонии технологӣ, аз ҷумла Meta, Microsoft, OpenAI ва Вазорати дифои Амрико ҳамкорӣ мекунад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи амалӣ намудани “Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” –ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Масоили омода намудани кадрҳо дар самти зеҳни сунъӣ, рушди лоиҳаҳои пажӯҳишӣ ва локализатсияи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар дохили кишвар баррасӣ шуд.
Ҳайати намояндагони ширкатҳои «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Scale AI»– и Амрико бо имкониятҳои мавҷудаи бинои IT Park-и Душанбе шинос шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”