Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Амрико низоми додани раводид ба шаҳрвандони Ӯзбекистонро “остонтар” мекунад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имкони осон кардани шароити додани раводид ба шаҳрвандони Ӯзбекистонро баррасӣ мекунад. Ин иқдоми нав раванди гирифтани раводид барои шаҳрвандони Ӯзбекистонро метавонад осонтар кунад ва заминаи мусоиди сафар, таҳсил ва корро фароҳам намояд.
Мақомоти расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтаанд, ки осон кардани додани раводид ба хотири таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд бо Ӯзбекистон сурат мегирад.
Ҳоло шароити дақиқи тағйирот дар низоми додани виза ва замони мавриди амал қарор гирифтани он мушаххас нашудааст.
Бар асоси иттилои дипломатҳо ислоҳот дар низоми додани раводид метавонад барои доираи васеи шаҳрвандони Ӯзбекистон, аз ҷумла донишҷӯён, пажӯҳишгарон ва соҳибкрону сайёҳон манфиатовар бошад.
Ин тасмими ҷадид дар заминаи беҳтар шудани муносибатҳои Вашингтону Тошканд ва талошҳои ҳар ду кишвар барои густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гирифта мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”