27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
29.05.2025 11:31

Форуми расонаии “Чин - Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Остона ба кори худ шуруъ кард

Имрӯз, 29-уми май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон "Форуми расонаҳои Чин – Осиёи Марказӣ - 2025" бо иштироки зиёда аз 250 намоянда аз расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ шуруъ кард. 

Дар форум, аз ҷумла намояндагони ВАО-и Тоҷикистон низ иштирок дошта ва дар назар аст аз ҳамкориҳои расонаӣ бо Ҷумҳурии Мардуми Чин ҳадс зананд ва дар бахшҳои гуфтумонии он мавзуи ҳамкории расонаҳои минтақавӣ ва пешрафту мушкилиҳои онро ба баҳс кашанд.  

Форум бо номаи табрикотии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт  Токаев оғоз гардид, ки онро Арман Кирикбаев, мушовири Президенти Ҷумҳурии  Қазоқистон оид ба сиёсати дохилӣ ва иртиботот ба самъи иштирокдорон расонд. Ҳамчунин, Евгений Кочетов, муовини Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон дар суханронӣ аз баргузории форуми мазкур ҳамчун ба вуҷуд овардани майдони иртиботот истиқбол кард.

Дар Форум ноиби роҳбари Шуъбаи таблиғоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Хэпин дар суханони ифтитоҳӣ нақши расонаҳоро дар рушди муносибатҳои Хитой бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барҷаста арзёбӣ намуд ва барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи рушди минтақавӣ сардабирони расонаҳоро ба ҳамкории дастаҷамъона даъват кард.

Форуми расонаии “Осиёи Марказӣ – Хитой” ҳоло дар ҳоли баргузорӣ буда, дар назар аст, ки бо баррасии мазуъҳои мухталиф 2 рӯз идома кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.