Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Эмомалӣ Раҳмон аз маблағгузории 2, 7 миллиард долларии Бонки Осиёии Рушд ёдовар шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг мулоқот намуда, дар хусуси густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ намуданд.
Ноиби президенти Бонки Осиёи Рушд Ингминг Янг рӯзи 28-уми май барои иштирок дар Конференсияи байналимлалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Тоҷикистон омад. Дар ин хусус, дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқот Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони асосӣ дар самти рушди Тоҷикистон номиданд. Таъкид шуд, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бонки мазкур 190 лоиҳаро ба маблағи умумии 2, 7 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст, ки ин лоиҳаҳо дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар нақши муҳим иҷро мекунанд.
Ду ҷониб пешгирӣ ва коҳиш додани фишори омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани таъсири паёмадҳои тағйирёбии иқлимро мавриди баррақӣ қарор доданд.
“Барои ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ, энергетикӣ, рушди инфрасохтор ва коммуникатсия, ҷалби бештари сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ ва ҷудо намудани маблағҳои иловагии грантӣ зарур шумурда шуд”- менависад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”