Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Андрей Белоусов: “Ҳузури 20 гурӯҳи террористӣ бо 15 ҳазор ҷангҷӯ дар Афғонистон хатари ҷиддӣ ба Осиёи Марказист”
Андрей Белоусов ҳузури гурӯҳҳои террористӣ ва густариши доманаи фаъолияти онҳоро таҳдиди асосӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ донист.
Вазири дифои Федератсияи Русия Андрей Белоусов дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви СААД бо ишора ба ҳузури 20 гурӯҳҳои террористӣ бо 15 ҳазор ҷангҷӯ афзуд, ки густариши нуфузи гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон барои минтақаи Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ боқӣ мемонад.
Андрей Белоусов таъкид кард, ки вазъияти ноороми Ховари Миёна низ ба вазъияти минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.
“Хатари асосӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол аз гурӯҳҳои сершумори ифротгаро дар Афғонистон маншаъ мегирад. Эҳтимоли ворид шудани онҳо ба кишварҳои ҳамсарҳад ва инфилтратсияи минбаъдаи онҳо меафзояд” – гуфт Андрей Белоусов.
Андрей Белоусов афзуд, ки вазъи ноуствор дар Ховари Миёна низ ба вазъияти минтақа таъсири манфӣ мерасонад: “Аз ҷумла, ҷанговарони хориҷӣ, ки узви гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъоланд, аз он ҷо на фақат ба Афғонистон, балки ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ равон мешаванд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”